Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳамоиши тантанавӣ дар Муъминобод


Ҳамоиши тантанавӣ дар Муъминобод


Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ҷаласа Лутфия Шарифзода, раиси ноҳия, Мирзоамон Рофизода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Лутфия Шарифзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки «ноҳияи Муъминобод тайи 30 соли истиқлолият бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ноҳия 16 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, сатҳи зиндагии мардум боло рафта истодааст».

Мирзоамон Рофизода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақши соҳибистиқлолӣ дар рушду пешрафти мамлакат ва арҷгузорӣ ба ин неъмати бебаҳо сухан гуфт.

Зимни ҳамоиш ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллими тарбияи ҷисмонӣ Шариф Миров медали «Хизмати шоиста» ва ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун, ки дар рушду нумӯи ноҳия саҳми босазо гузоштаанд, ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод тақдим гардиданд.






Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода