Ҳулбук
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 1 627
Қалъаи Ҳулбук дар масофаи 7 километр дуртар аз самти шимолу ғарбии ноҳияи Восеъ ҷойгир мебошад. Ҳулбук яке аз калонтарин шаҳр ва пойтахти Хатлон дар асрҳои IX – X буд. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зиннати Хатлон ёфт шуд. Ин мавзеи нодири таърихӣ ба асрҳои IX ва XI мансуб аст.
Cарчашмаҳои таърихӣ, юнонӣ, чинӣ ва бозёфтҳои бостоншиносон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Хулбук – пойтахти Хуталон, шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хуталон ба ҳисоб мерафт.
Ковишҳои бостоншиносӣ, ки дар ҳудуди қасри шоҳони Хутал ва ҳудуди шаҳристон гузаронида шуд, нобиғаҳои меъмории тоҷикӣ, мавқеи интихоби ҷой бо нигоҳдошти манзараҳои табиӣ ва мавқеи стратегӣ-мудофиавиро ошкор намуданд.
Бино ба иттилои таърихдонон, мардумони шаҳри Ҳулбук ба ҳунармандӣ машғул буда, зарфҳои сафолии сирдору бесир, шишагин, булурин, маҳсулоти оҳангарӣ, косибӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, устухонтарошӣ, мусаввирӣ ва ғайраро дар сатҳи касбӣ истеҳсол намуда, ба ин васила аҳолии минтақаро бо асбоби рӯзгор таъмин мекарданд. Ҳафриёти бостоншиносон нишон дод, ки дар Ҳулбук ҳунари шишасозӣ бо ду тарз ривоҷ дошт, яъне бо қолаб ва дамидан ҳам шишаи шаффоф ва ҳам ғайришаффоф тайёр мекарданд.
Ёдгории таърихии Ҳулбук яке аз мӯъҷизаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик он ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешими Юнеско ворид карда шуд.
Дар назди маҷмааи Ҳулбук осорхонаи таърихи кишваршиносӣ сохта шуда, барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонад. Қалъаи Ҳулбук дар наздикии шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ҷойгир буда, асосан, сайёҳоне, ки ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мераванд, аз ин мавзеи таърихӣ дидан мекунанд.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба хотири арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳулбук ва осорхонаи Ҳулбук таъсис дода шуд.
У. МИРЗОЕВ , “Хатлон”