Дар суроғи дидори дӯст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 2 349
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст ...
Дар рӯзҳои фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ яке аз аввалин кишварҳое, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард, Ӯзбекистон буд.
22-юми декабри соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардид. Кумаки озуқа, дар паноҳи худ гирифтани мардуми фирории Тоҷикистон аз ҳамсоядории хуб ва дастгирии беғаразона дарак медод. Бо қатораҳои Конибодому Душанбе, самтҳои Шаҳритусу Қубодиён ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба назди хешу табор ва дӯстонашон рафтанд. Ӯзбектаборони вилояти Хатлон низ тасмим гирифтанд, ки дар ватани аҷдодиашон, дар тинҷию амонӣ зиндагӣ кунанд. Баъди баста шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва даъвати Ҳукумати кишвар аксари онҳо ба Тоҷикистон баргаштанд.
Ёд дорам, ҳамсояамон бо оилааш ба водии Фарғона кӯч басту баъд аз 7-8 соли зиндагию кор боз ба шаҳри Бохтар баргашт. Ӯ дар бораи имкониятҳои хуби таҳсилу кор, имтиёзҳо, гирифтани манзили истиқоматӣ, кумаки одамону кумитаи маҳалла нақл кард. Сабаби баргаштани оила маълум буд. Онҳо шаҳрвандони комилҳуқуқи Ӯзбекистон шуда натавонистанд.
Дар ҳамон давра муносибати ҳукуматдорони ӯзбекро нисбати ҳаммиллатонашон ҳар хел шарҳ медоданд. Яке афсӯс мехӯрд, дигаре танқид мекард. Аммо шояд сиёсатмадорони ӯзбек як чизи муҳимро ба назар гирифта буданд, ки онҳо бо гузашти вақт ҳатман ба Тоҷикистон бармегарданд. Ин ҳақиқат буд. Инсон зодгоҳашро интихоб намекунад. Он ҷое, ки хуни нофаш рехтааст, он кӯчаву маҳалла, ки бо ҳамсолонаш ба камол расидааст, он муҳити шиносу барояш азиз дар мағзи ҷону андешааш ҷой мегирад. Он чун оҳанрабоест, ки бо эҳсоси меҳри Ватан қавӣ аст ва ҷозибаи хос дорад.
Ҳоло дар вилояти Хатлон мардуми ӯзбектабор зиёданд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аҳлона меҳнат мекунанду барои ободии Ватани худ-Тоҷикистон саҳм мегузоранд. Ҷамъияти ӯзбекон ва ё Маркази фарҳангию дӯстии ӯзбекон дар вилояти Хатлон бо роҳбарии Тошмат Темиров барои боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои ду миллат ташаббус нишон дода, тарафдори сиёсати Ҳукумати кишвар буданашонро иброз медорад.
Таъсиси мактабҳо бо таълими забони ӯзбекӣ, сохта шудани беморхона дар Қубодиён, дар Ӯзбекистон ташкил шудани мактабҳои тоҷикӣ, баргузор гардидани вохӯриҳои адибону журналистони тоҷику ӯзбек, консертҳои дастаҷамъона, Форумҳои соҳибкорон дар шаҳри Бохтар оғози татбиқи аҳдномаи ҳамкориҳо мебошад, ки аз сафарҳои расмии президентҳои ҳар ду кишвар маншаъ мегирад.
Регистон - Сайргоҳи меҳмонон у ми збонон
Самарқандро сайқали рӯйи замин мегӯянд.Шуҳрати ин шаҳри қадимаи гузаштагони мо чун маркази фарҳангию илмӣ, адабию динӣ имрӯз ҳам побарҷост. Майдони Регистони машҳураш бо мадрасаҳои Шердору Тиллокорӣ, масҷиди Бибихонум, бозори Сиёб, маҷмааи Шоҳи Зинда ҳоло ҳам бинандаро тасхир мекунанд.
Тамошои Самарқанди куҳан аз роҳи калони мумфарш ва гулпӯши қабристони қадимаи шафати Шоҳи Зинда сар мешавад. Маҷмааи Қусам ибни Аббос, ки яке аз тарғиботчиёни дини Ислом дар Осиёи Миёна будааст, зиёратгоҳи меҳмонони шаҳр мебошад.
Садои тиловати Қуръон чун оҳанги муаззинҳои асрҳои гузашта аз манораҳои масҷиду мадрасаҳо даъваткунанда ба гӯш мерасад. Бармало эҳсос мекунӣ, ки дар Самарқанди қадима ҳастӣ. Шаҳр бо ҳашамати худ дар рӯйи каф барин менамояд.
Аҷибаш он аст, ки баландӣ ба теппаи Қӯрғони мо баробар асту наҳре мисли ҷӯйи Бибихонум шаҳрро ба ду қисмат ҷудо мекунад. Масҷиди Бибихонум, ки ёдгории асрҳои 14-15 аст, бо рангҳои кабуду фирӯзааш дар назди бозори Сиёб қомат афрохтааст. Бо якдигар чӣ иртибот доштани ин бонувонро намедонам, аммо ҳақиқат он аст, ки ин ду осорхона дар Самарқанду Бохтар макони тамошову пазиройии меҳмонон мебошад. Се мадрасаи саҳни Регистон бо манораҳои баландаш ҷойи тамошои садҳо одамон, сайргоҳи наварӯсон аст.
Мадрасае, ки дар он шоир ва мутафаккири асри 15-и тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ, устоди асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишери Навоӣ таҳсил кардааст, рӯ ба рӯйи мадрасаи Шердор воқеъ мебошад. Дар даромадгоҳи он лавҳаи хотиравие насб шудааст, ки оид ба толибилми мадрасаи мазкур будани Абдураҳмони Ҷомӣ хабар медиҳад. Ҳар гоҳе, ки дӯстии адбиву фарҳангии тоҷику ӯзбекро тараннум мекунанд, номи ин ду ситораи адабиётро ба забон меоранд. Дӯстию ҳамкории ду эҷодкори суханпардозро заминаи тақвияти робитаҳои минбаъда медонанд. Гузошта шудани пайкараҳои Ҷомию Навоӣ дар ду кишвар рамзи садоқати шогирдиву устодӣ ва рафоқати тоҷикону ӯзбекон мебошад.
Гунбадҳои кабуду манораҳои гирди майдон, фарши тахтасангии саҳни мадрасаҳо, ҳуҷраҳои танги муллобачаҳо хаёлан моро ба асрҳои гузашта мебарад. Ин биноҳо шоҳиди таҳсилу маҳфилҳои илмиву адабии садҳо олимону шоирон, равшанфикрони замонҳои гузашта ҳастанд. Ҳар як нақши девору сақф аз истеъдоду эҷоди инсон гувоҳӣ медиҳад, ки намунаи беҳтарини санъати ҳунармандони муъҷизакор буда, чун мероси гаронбаҳое ба имрӯзиён боқӣ гузоштаанд.
Тамошои мадрасаи Тиллокорӣ, ки бо фармони ҳокими Самарқанд Ялангтош Баҳодур дар солҳои 1646-1660 сохта шудааст, таассуроти дигар мебахшад. Меҳробҳои заррин, сақфҳои гаҷкорию кандакорӣ, китоби азими Қуръони карим, растаҳои ҳунарҳои мардумӣ-заргарию кулолгарӣ, наққошию кашидадӯзӣ, либосҳои миллӣ, мусаввараҳо рӯҳияи он давраҳои Самарқанди бостониро ифода мекунанд.
Ёде аз устод Айнӣ
Ҳар яки мо баъд аз мутолиаи китобҳои устод Айнӣ номҳои мадрасаҳои Бухорову Самарқанд ва майдонҳои Регистонро донистаем. Аз тасвири пурмуҳтавою батафсили устод дар асарҳои бадеиашон ин ҷойҳои таърихиро шинохтан мумкин аст.
Агар аз сокинони шаҳри Самарқанд суроғаи хона-музейи устодро пурсед, хурду калон ҷавоб медиҳанд. Панҷсад қадам дуртар аз Регистон дарвозаи дутабақаи чӯбин бо навиштаҷоти зеринро дидан мумкин аст: “Хона-музейи Садриддин Айнӣ. Солҳои 1890-1935. Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳимояи давлат гирифтааст.” Рӯ ба рӯямон нимпайкараи гаҷкории сафеди устод меистод. Гулу райҳонҳои гирди ҳавличаи хурд бо сабзаву дарахтони хурмову олуча фазои орому форам дошт. Роҳбалади мо Сабоҳатойтӣ аз Тоҷикистон омадани моро фаҳмида, аз хурсандиаш мудири осорхонаро ҷеғ зад. Мудир аз ҳуҷраи кориаш баромада, моро пазироӣ кард:
-Хуш омадед! Хеле хурсандем, ки президентҳои кишварҳоямон барои равуо ва дӯстию ҳамкориҳоямон аз нав роҳ кушоданд. Ман дар Душанбе, дар факултети забонҳои русии Донишгоҳи миллӣ таҳсил кардаам. Бисёр мехостам ҳамкурсон, ёру хешовандонамро боз бинам.
-Мо ҳаммактаб будаем, ҳатман ба Тоҷикистон биёед, интизор мешавем,-таклиф кардам ба ӯ. Шояд ба ин осорхона ҳар рӯз садҳо сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд. Аммо ин ҳар ду аз дидани ҳаммиллатони худ шод буданд. Экскурсия (саёҳат) ҳам ба забони тоҷикӣ гузашт. Дар тарафи чап ҳуҷраҳои қадимаи ҳавлӣ боқӣ мондаанд.
Онҳо ёдгорӣ аз манзилҳои асри 18-и Самарқанд ба ҳисоб мераванд. Ба ин ҷо устод баъд аз озору истибдоди амири Бухоро соли 1917 омадаанд. 35 сол дар ҳамин ҳуҷраҳо адиби бузург ва публитсист Садриддин Айнӣ асарҳои оламшумули худро аз таърихи халқи тоҷик эҷод намудаанд, бо мақолаву шеър, очерку повестҳояшон бо нашрияҳои ӯзбекиву тоҷикӣ, ба хусус “Овози тоҷик” ҳамкорӣ кардаанд. Роҳбалади мо Сабоҳатойтӣ дар бораи навишта шудани повесту романҳои устод “Одина”, “Мактаби куҳна”, “Марги судхӯр”, “Дохунда” ва “Ғуломон” бо шавқ нақл мекарду дидани тарзи зиндагии хоксоронаи устод касро ба андешае водор менамуд, ки шоир ва нависандаи пурмаҳсулу боистеъдоди ҷаҳонӣ дар чунин шароит қаҳрамонӣ кардаанд. Гарчанде ҳукумати шӯравӣ баъд аз солҳои сиюм дар тарафи рости ҳавлӣ ҳуҷраҳои нави корӣ сохтаву муҳити эҷодии устодро беҳтар кардааст, ба иродаву таҳаммул ва хизмати устод барои миллати тоҷик кас қоил мешавад.
Дар ҳуҷраҳои нави корӣ устод асарҳои худ “Ятим”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, “Исёни Муқаннаъ”, “Ёддоштҳо”-ро навишта, котиба онро дар мошинка чоп мекардааст.
Аксҳои устод, ҷиҳози хона, тоқчаву китобҳо, мусаввараҳои маҳфили адибон дар ҳуҷраи устод, намунаҳои дастхату китобҳои устодҳама дар бораи заҳмати устод Айнӣ маълумот медиҳанд. Қаҳрамони Тоҷикистон шудани устод Садриддин Айнӣ аз рӯйи адолату арҷгузорӣ ба саҳми он кас дар рушди адабиёти тоҷик ва муаррифии фарҳанги тоҷикон ба ҷаҳониён мебошад.
Барои хотира хона-музейро аксбардорӣ карда, дар ҳаққи устод дуо хондем. Ба умеде, ки ҳамеша рӯҳи устод шод бошад ва мо- ворисон хотири он касро пос дорем.
Аҳди дӯстӣ то абад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи 18-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон соли 1993 қайд кардаанд:”Барои мо- тоҷикон муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тӯлонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист”.
Имрӯз байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи дӯстии абадӣ аҳднома баста шудааст. Дар ду кишвари дӯсту бародар миллионҳо тоҷикону ӯзбекон кору зиндагӣ доранд. Байтҳои шоира Меҳринисо, ки дар бораи дӯстии безаволи мардуми тоҷику ӯзбек гуфтааст, баёнгари мароми ҳар яки мост:
Девори ҷудоӣ байни мо бе пой аст,
Ҳамсояи хубу бебаҳоем ману ту.
Эй тоҷику ӯзбек, дар ин даҳри дудар,
Саршори муҳаббату сафоем ману ту.
Армуғони беҳтарин барои ҳар сайёҳи Самарқанд ин нони самарқандӣ аст. Савдои нону нахӯдҳои бир-ён дар растаҳои бозори Сиёб дар авҷ буд. Маҳорати кадбонугии занони самарқандӣ аз қадим шуҳрат дорад. Бо шеваи тоҷикии “ойтимулло, укамулло” муроҷиат кардани онҳо ба харидорӣ кардан водор мекунад. Ноне, ки аз Самарқанд савғотӣ овардем, ба ҳамаи аъзои оила, ҳамсоягону хешу табор як бурдагӣ тақсим шуд. Ба умеде, ки боз рисқамон бо дастурхони ин шаҳр пайваст бошад ва онҳо оянду мо ҳам равем.
Дилором Маҳкамова,
Бохтар-Тошканд-Самарқанд-Бохтар,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон