Ховалинг: Ба деҳа об омад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 814
Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Хусусан, дар Ҷамоати деҳоти “Лоҳутӣ” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва сокинон даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар маркази ҷамоат биноҳои маъмурию маданӣ, тиббию маориф ва марказҳои хизматрасонӣ қомат афрохта, ба ҳусни маҳал зебогии дигар зам намуданд ва сокинон имкон доранд, тамоми сол аз марказҳои савдову хизматрасонӣ фаровон истифода баранд.
Сокинони деҳаи Кулдараи ҷамоати мазкур, ки беш аз 1000 нафар аҳолӣ дошт, солҳои зиёд аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби соҳибкори маҳаллӣ ин мушкилоти сокинон паси сар гардид. Ба ин мақсад дар чуқурии 133 метр чоҳи амудӣ канда, об бароварданд ва онро ба обанбори деҳа васл намуданд. Барои мунтазам фаъолият кардани чоҳи амудӣ аз масофаи 300 метр хати барқ кашиданд. Корҳои ободонӣ дар дигар деҳоти ноҳия низ идома доранд.