Кумакпулии навбатӣ ба оилаҳои камбизоат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 958
Як сол қабл дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти лоиҳа - ин расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ бо мақсади пешгирии хавфи норасоии ғизо дар байни кӯдакони хурдсол дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 ва ҷуброни пайомадҳои манфии бемории ҳамагир ба оилаҳои камбизоат мебошад.
Дар марҳилаи аввал, яъне аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели соли 2021 кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба андозаи 500 (панҷсад) сомонигӣ ба 69 ҳазору 966 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 3-сола доранд, дар ҳаҷми 34 983 000 сомонӣ расонида шуд.
Дар доираи маблағгузории Созишномаи дуюми иловагӣ пардохти якдафъаинаи иҷтимоӣ аз моҳи август то охири соли 2021 дар назар дошта шуда, тибқи нақша, он 165 ҳазор хонавода (оилаҳо)-и камбизоатро фаро хоҳад гирифт, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 82,5 миллион сомониро ташкил мекунад.
Ҳамин тавр, моҳи августи соли равон ба 84 ҳазор оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 7-сола доранд, ба маблағи 42 млн. сомонӣ, моҳҳои сентябр-октябри соли равон ба 56000 оилаи камбизоати дорои кӯдакони хурдсол, инчунин оилаҳое, ки занҳо сардори оила буда, дар ҳайати худ кӯдакони аз 7 то 16-сола доранд, ба маблағи 28 млн. сомонӣ, моҳи ноябр-декабри имсол ба 25000 оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони маъюби то 18-сола доранд, ба маблағи 12,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.