Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Водии обод - мерос аз гузаштагон


Водии обод - мерос аз гузаштагон



Тақрибан 90 сол қабл, сохтмони  “Вахшстрой”, ки дар сартосари Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буд, як ҷӯшу хурӯшеро дар байни тамоми қишрҳои ҷомеаи ҳамон давр  чун раъду барқ ба амал овард. Беҳтарин сохтмончиён ва муҳандисон ба ин макон ҷалб шуда, бо маҳорату малакаи баланд кори сохтмонро шурӯъ карданд, ки ин амалашон боиси таҳсину офарини наслҳои баъдина гардид.


Номи водии Вахш аз дарёи ҳамноми он, яъне Вахш гирифта шудааст. Дар бораи мафҳуми Вахш метавон аз асари муътамади А. Девонақулов, ки роҷеъ ба решашиносии калимаи мазкур аз сарчашмаву манобеъ истифода намудааст, воқиф гардид.  Муаллиф менигорад: Калимаи “Вахш”  маънии ҳам луғавӣ ва ҳам истилоҳиро дорад. Маънии луғавии он мувофиқи нишондоди фарҳангҳо дар як маврид мафҳуми ибтидо, оғоз, аввалинро дошта бошад, дар ҳолати дигар ба маънои фазоянда, боланда меояд. 

Олим ва мутафаккири барҷаста Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” менигорад: “Вахш” исми фариштаест, ки нигаҳбонии об бо ӯст, махсусан, исми фариштае, ки муваккили рӯди Ҷайҳун аст”.
Водии Вахш дар паси силсилаи қаторкӯҳҳои Оқтоғ, сад километр ҷанубтари пойтахти Тоҷикистон, дар он ҷое, ки Вахши саркаш-яке аз дарёҳои калонтарини ҷумҳурӣ доман паҳн кардааст, ҷойгир аст. Дараҳои   танги кӯҳсор дар ин ҷо аз ҳамдигар ҷудо гардида, майдони бузургеро ба вуҷуд овардаанд, ки якуним ҳазор километри квадратиро ташкил медиҳад.    

Дар солҳои 30-юми асри XX аз ҷониби мутахассисони баландихтисос омӯхтани шароити табиӣ, хок ва захираҳои оби водии Вахш ба миён омад. Омӯзиш нишон дод, ки ин минтақа барои парвариши пахтаи гармидӯсти  мисрӣ комилан созгор мебошад. Аммо вазъи объёрии ин водӣ дар ҳолати ногувор буд. Ҳарчанд дарёи сероби Вахш аз байни ин водӣ гузарад ҳам, аммо ҳамагӣ 25,5 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои Қӯрғонтеппа ва Ҷиликӯл, ба воситаи каналҳои Ҷӯйбор ва Ҷиликӯл, ки обро аз дарёи Вахш мегирифтанд, обёрӣ карда мешуданду халос. Бинобар ин масъалаи сохтмони канали замонавӣ-канали магис-тралии Вахш ба миён омад.    

Солҳои 1928-1930 оид ба сохтмони канали Вахш корҳои тадқиқотӣ гузаронида шуд. Дар ин ҷо ташкил кардани совхозҳои калони пахтакорӣ, сохтани корхонаҳои саноатӣ, бунёди минтақаҳои муқтадири аграрию индустриалӣ имконпазир буд. Ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо имкониятҳои фаровони энергетикии Вахш низ ҷавоб медоданд. Ҳамаи ин омилҳои мусбат аҳамияти сохтмони канали Вахшро ба дараҷаи сохтмонҳои азими Иттиҳоди Шӯравӣ бардоштанд. Дар панҷсолаи якум “Вахшстрой” дар қатори 180 сохтмони азими зарбдори умумииттифоқӣ, ба монанди  Днепрострой, Магнитострой, Кузнетстрой, сохт-мони заводҳои трактории Сталинграду Харков, Турксиб (роҳи оҳан) ва монанди инҳо қарор гирифта буд. 
Коргарони ин иншоот аз аксар ҷумҳуриҳои бародарӣ ва дигар мамолик буданд. Намунаи муттаҳидии ин ҷумҳуриҳоро метавон  дар соли 1932 дид, ки дар ин сол аз Ӯзбекистон-1300 нафар, Туркманистон-1000 нафар ва аз Қирғизистон-700 нафар ба сохтмони канали Вахш сафарбар шуда буданд.  Дар баробари ин муҳоҷиркунии аҳолӣ ба васеъ намудани майдони заминҳои кишт таъсири мусбат мерасонд.

Дар кори сохтмони канал қариб 10 ҳазор нафар коргар, 28 экскаватор, 500 трактор, 350 мошинҳои боркаш сафарбар шуда буд. Баъди сохтмон ин канал имконият медод, ки 130 ҳазор га. замин обшор карда шавад. 
 
13 сентябри соли 1933 банди об, ки онро девори семетра аз иншооти асосии оҳану бетонӣ ҷудо мекард, ҳангоми таркидан се ҳазор метри мукааб харсанг ба ҳаво пош хӯрд. Вахш ба канали  калон ҷорӣ шуд. Дар ин бора М. Власова, хабарнигори Россия бо изтиробу ҳаяҷон ёдоварӣ кардааст: “Одамон дар ду тарафи канал медавиданд, канали серобро гулборон мекарданд. Деҳқонони куҳансол сари об дузону зада, обро бо каф гирифта, ҳарисона менӯшиданд ва ба рӯяшон мепошиданду ашки шодӣ мерехтанд. Об ҷӯш зада, кафкзанон ҷорӣ мешуд, барои мо хурсандӣ буду шодӣ, аммо танини мусиқӣ ба ин муносибат шириниву гувороии навро зам мекард”. Хушҳолии хеле самимӣ ва навгонии хеле муборак дар ҳаёти сохтмончиён ва сокинони водӣ, ин ҷоришавии об ба заминҳои ташналаби Вахшонзамин ба  ҳисоб мерафт.  Мувофиқи нақша дарозии канал, бо шохаҳояш 13 ҳазор км буда, 155,7 миллион сӯм (рубл) арзиш дошт. 

Дар сохтмони бомуваффақияти иншооти Вахш мақомоти табъу нашри он таъсири бузурги ахлоқиву маънавӣ мерасонд. Ҳизб ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дар “Вахшстрой” чоп намудани рӯзномаҳои маҳаллӣ 8-уми феврали соли 1931 қарор қабул кард. Рӯзномаи “Ударник Вахшстроя” ба забони русӣ ва “Зарбдори сохтмони Вахш” ба тоҷикӣ интишор мешуд. Он чун воситаи даъват ба меҳнати пурифтихорро дар байни мардум иҷро намуда, насли калонсолро ба ин кори бузург сафарбар мекард. Дар рӯзнома камбудиву норасоиҳо ошкор шуда, коргаронро ба меҳнати сотсиалистӣ даъват мекард.

Муваффақиятҳои пешқадамони истеҳсолот ҳамаҷониба дар саҳифаҳои рӯзнома сабт мешуданд. Нашри  русии рӯзномаро Семён Ляхович ба уҳда дошт. Таҳрири тоҷикии ин рӯзномаро аз рӯзи таъсисаш то миёнаҳои  соли 1933 Насрулло Абдуллоев  ва баъди вай Мирсаид Миршакар бо масъулияти баланд иҷро кардаанд.

Насли имрӯзаи Вахшонзамин сипосгузорӣ аз аҷдодони худ мекунанд, ки чунин водии зархезро дар гузашта обод карданд, то наслҳои баъдӣ зиндагии хуррамона дошта бошанд. 

Самандар Раҷабалиев,
магистранти факултети таърих ва ҳуқуқи 
ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода