Қубодиён. Бунёди се иншооти ҷашнӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 851
Дар ноҳияи Қубодиён ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ се иншооти нави ҷашнӣ - бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №20, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти “Заркамар” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, иншооти мазкур бо тамоми таҷҳизоти нави зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Бунёд ва ба истифода додани иншооти мазкур барои беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон дар маҳал бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону саховатпешагон равона гардидаанд. То фаро расидани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома меёбанд.