Бӯрёкӯбон дар маҳаллаи навбунёд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 252
14 июли соли 2021-ум боз 3 оилаи маҳаллаи навбунёди Ҷамоати деҳоти “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бар асари эрозияи замин хонаҳои истиқоматиашон хароб шуда буданд, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар биноҳои навбунёд бӯрёкӯбон карданд.
Бунёди хонаҳои №1, №6, №15, ки шуъбаи маорифи ноҳия, Ҷамоати деҳоти “Яккатут” ва бозори ҶДММ “Ориён” масъули сохтмонашон буданд, ба итмом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Сокинони ин хонаҳо бо хурсандӣ аз ин амали нек барои дастгирии ҳамаҷонибаи масъулон изҳори миннатдорӣ намуданд. Баъзе сокинони маҳаллаи навбунёд заминҳои наздиҳавлигиашонро нарм намуда, ба кишти зироатҳои донагӣ машғул мебошанд. Дар ин баробар сокиноне, ки манзилҳои истиқоматии онҳо бунёд гардидааст, аллакай ба сохтмони иншооти ёрирасон камари ҳиммат бастаанд. Зимни боздид аз ин мавзеъ маълум гардид, ки 9 хонаи истиқоматӣ пурра омода гардида, 9 хонаи истиқоматӣ дар арафаи анҷомёбӣ ва 2 хонаи истиқоматӣ дар арафаи бомпӯшӣ қарор доранд. Дар ин баробар, мушоҳида гардид, ки аз тарафи баъзе аз масъулин дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба кашолкорӣ роҳ дода мешавад. Сокинони зери хаймаҳо мунтазири онанд, ки сохтмони манзилҳояшон кай ба охир мерасида бошад?
Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”