Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 6 МОҲ ҲАБС БАРОИ ТАКРОРАН МАШҒУЛ ШУДАН БА СЕҲРУ ҶОДУ ВА ФОЛБИНӢ


6 МОҲ ҲАБС БАРОИ ТАКРОРАН МАШҒУЛ ШУДАН БА СЕҲРУ ҶОДУ ВА ФОЛБИНӢ



Гарчанде мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон ҷиҳати ошкору муайян намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқии ашхоси машғул ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ тамоми чораҳоро андешида, нафарони хурофотиро назди қонун ҷавобгар намояд, мутаассифона баъзе онҳо ба таври пинҳонӣ кирдорҳои мардумфиребонаи худро идома дода истодаанд.

Яке аз чунин нафарон шаҳрванд Ҳамидова Хадича Шамсуддиновна соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Шаҳритус мебошад. Номбурда қаблан барои даст доштан ба амалҳои зиддиқонунӣ аз қабили сеҳргариву фолкушой чандин маротиба аз ҷониби кормандони милитсия  огоҳонида шуда, тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида бошад ҳам, аз ин амалҳояш даст накашидааст.


Кормандони милитсияи ноҳияи Қубодиён зимни пешбурди чорабиниҳои санҷишӣ нисбати Ҳамидова Хадича, ки такроран даст ба амалҳои мардумфиребона, аз қабили сеҳргариву ҷодугарӣ ва фолбинӣ зада буд, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 240 иловаи 1  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии оғоз намуда, баъди тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намуданд.


Суди ноҳияи Қубодиён бо моддаи 240 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиршуда Ҳамидова Хадичаро гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 моҳ дар колонияи низомаш умумӣ таъин намуд.


Бо баёни матлаби мазкур Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз кулли ашхоси машғул ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ва мизоҷони эшон талаб менамояд, ки тарки амалҳои хурофотӣ ва мардумфиребона намуда, роҳи дурусти зиндагии босаодатро интихоб намоед! 


Муборизаи милитсияи Хатлон зидди хурофотпарастӣ идома дошта, минбаъд низ ашхосе, ки бозори соҳирону фолбинҳоро гарм нигоҳ медорад, назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода