Комрон ба хизмати модар-Ватан меравад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 138
Бо ҳисси баланди ватандӯстиву мардонагӣ, бо қалби пур аз меҳр, бо хоҳиши зиёди ҳамсаф будан бо дигар ҷавонони бонангу номуси миллат Муродов Комрон имрӯз омодаи хизмат ба ватану миллат хеш аст.
-Аз хурдӣ орзуи пӯшидани либоси низомӣ, савганд ёд намудан ва марзу буми ватани худро ҳимоя карданро доштам,- мегӯяд ӯ.
Комрон аз давраи мактабхонӣ шавқи беандозаи сарбоз шуданро дошт. Аз ин рӯ, дар дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ фаъол буд. Ва дар чорабиниҳо иштирок мекард. Ӯ мегӯяд, хизмат ба ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди кишвар аст. Хизмат ба Ватан ин шараф аст. Муроҷиати ӯ ба ҷавонони синни хизматӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ чунин буд: “Биёед, бо ҳам марзу буми Ватани азизи хешро ҳифз намоем ва нагузорем, ки душмано-ну хоинони Ватан назари баде ба халқу миллати мо дошта бошанд”.
Инчунин, Комрон аз ҷавононе, ки дар дигар давлатҳо кору фаъолият доранд, даъват кард, ки омада бо ҳам қарзи ҷавонмардиашонро ба ҷо оваранд то оилаву ҷомеа ва ватани мо тинҷу осуда бошад. Чеҳраи модарон ва хандаю бозии кӯдакон намудор бошанд. Дар ҳавои софи кишвар ҳамеша кабӯтарон дар парвоз бошанд, ки ин рамзи сулҳро дорад. Агар мо-ҷавонон Ватани хешро ҳифз нанамоем, дигарон оромию осудагии халқи азизи моро намехоҳанд. Биёед, ин истиқлоле, ки бо чӣ қадар саъю кӯшишҳое, ки мо ба даст овардаем, нагузорем, ки ин оромии ватани азизамонро аз мо бигиранд. Ман аз номи ҷавонони кишвар сипоси худро ба Сарвари дав-лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тинҷию осудагии кишвар мерасонам, афзуд Комрон. Муслима Муродова, модари Комрон, имрӯз бо иқдоми фарзандаш мефахрад.
Модар мегӯяд: «Вақте пасарам ба ман гуфт, ки бояд қарзи ҷавонмардии хешро адо намояд, бисёр хушҳол шудам ва ашки шодӣ аз чашмонам ҷорӣ шуд. Ӯро ба оғӯш гирифта, дуои нек додамаш.
Фарзанди сеюмам ҳам гуфт: “Ман низ омодаам, то ба ватани маҳбуби хеш сипаре бошам». Хушҳолии модар ҳаду канор надошт. Муслима мефахрад, ки чунин фарзандони далерро ба камол расонидааст. Фарзандонаш сари волидони худро баланд бардоштанд ва Тоҷикистони азизро ҳифз хоҳанд кард.
Ва сипосгузории худро ба ин гуна фарзондони далери кишвар расонида гуфтанд, ки оромию осудаҳолии кишвар аз заҳмату талоши афсарони мо вобаста аст.
Муслима Муродова ба падарону модароне, ки фарзандонашон ба синни хизмати ҳарбӣ расидаанд таъкид мекунанд: «Фарзанд барои модар азиз аст, Ватан дар баробари фарзанд азизтар аст. Фарзандонатонро барои ҳифзи Ватан равон кунед, то волидону хоҳарону бародарони онҳо амну бехатар бошанд». Чуноне ки қайд карданд, тинҷию осудагии давлат аст, ки имрӯзҳо мо озодона, ҳар ҷо ки хоҳем меравем ва ҷавонон дар самтҳои гуногун таҳсили худро идома дода истодаанд. Инчунин, ин модар барои тамоми сарбозон дуои хайр кард. Дар ҳақиқат, ифтихори моянд бо ин гуна ҷавонмардоне, ки сарбаландии падару модар ва оромии кишварро мехоҳанд.
Рамазон ХОЛОВ,
коромӯзи рӯзномаи «Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00