Қазияи Иззат сиёсӣ нест
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат, Боздид 1 290
Аз рӯйи маълумоти расонаҳои хабарӣ аллакай дар бораи Иззат Амон хонандагон огоҳии комил доранд. Ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, айни замон шаҳрвандии Россияро низ доро мебошад. Пешааш ҳуқуқшиносӣ. Бино бар тавсифи баъзеҳо, ӯ «ҳуқуқшиноси шинохтаю варзида» мебошад. Вале хислати дигарашноҷавонмардию фиреб, хиёнат бар амонат, ваъдаю дурӯғашро қайд накардаанд. Шояд ин хислатҳояш ба «обрӯю иззаташ» костагӣ меовард. Вале баъзе нафарон, ки дар пайи паст задани обрӯву нуфузи Тоҷикистонанд, амали боздошти Иззат Амонро баҳои сиёсӣ медиҳанд, ки ин мутлақо нодуруст аст. Муроҷиату шикояти шаҳрвандон ба мақомоти тафтишотӣ аз ин гувоҳӣ медиҳад. Дуруст аст, ки Иззат Амон ҳуқуқшинос асту маслиҳати ҳуқуқӣ медиҳад, ба корафтодае ёрӣ мерасонад. Ва ин корро ӯ дар Москави Федератсияи Россия ба ҷо меовард. Чуноне шоҳидони ҳол мегӯянд, вақтҳои аввал кораш бад набуд, бар ивази маблағи муайян ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар кори гирифтани иҷозатнома, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, бақайдгузорӣ ва амсоли инҳо маслиҳату тавсияҳо медод. Муҳоҷирони бечораи тоҷик куҷо ҳам мерафтанд, ба ҷуз назди ҳамшаҳрии худ, ба умеди ёрию мадад. Вале аз куҷо медонистанд, ки ин ҳамшаҳрии пулпарасту ноинсофашон то куҷо онҳоро мефиребаду дар «бузакбозӣ» меандозад. Мегӯянд, оғози кораш бад набуд. Вале баъдтар пулу пайса пеши чашмашро гирифт, дигар танҳо пулро медиду халос. Дину диёнат, инсофу ҳаё ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Аз муҳоҷири тоҷик, ҳамватани худ барои «иҷро» кардани ҳоҷаташон - «ёрию маслиҳати ҳуқуқӣ додан» пул тамаъ мекард. Нафс торафт боло мерафт, кор ба ҷое расид, ки ба роҳи фиребу макр даромада, бисёриҳоро ба дом афтонд. Пулу маблағашонро гирифта, онҳоро сарсону саргардон намуд. Ҳарчанд онҳое, ки ба доми Иззат афтода буданд, борҳо баргардонидани маблағашонро талаб карда буданд, вале суде надошт. Билохира, ба мақомоти тафтишотӣ муроҷиат намуданд, то маблағи бо фиреб гирифтаи онҳоро баргардонанд. Беҳтарин амал дар зиндагӣ бо меҳнати худ, тозаю ҳалол зистан аст, на бо роҳи фиребу дуздӣ зиндагӣ кардан. Умри фиребу ҳаромхӯрӣ кутоҳ аст ва оқибат миси фиребкорӣ ошкор шуда, шармандаи ду дунё мегардӣ. Аз ҳама беҳтараш бо амали неку рафтори хуб зиста, сазовори обрӯ ва номи нек бошӣ, то номатро ҳар куҷо ба некӣ ба забон оваранд. Шахсе, ки ҳамватани худ, одами дармондаро фиреб медиҳад, ба ҳаққи зану фарзандони ҳамватани худ даст дароз намуда, онро соҳибӣ мекунад, аз ӯ одамгарӣ, некӯӣ ва ёрию мададро чашмдор маънӣ надорад.
С. МИРЗОЕВ, муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30