Имсол садақаи фитр чанд сомонӣ муқаррар шудааст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 888
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар асоси як қарори худ нисоби закотро 25000 сомонӣ муқаррар намудааст, ки аз он 625 сомонӣ бояд закот дода шавад.
Ин ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон садақаи фитрро барои имсол 6 сомонӣ сари ҳар шахс муайян намудааст. Тибқи талаботи шариат садақаи фитр бояд ба шахсони эҳтиёҷманд, аз қабили ятимону бепарасторон дода шавад. Ба андешаи раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода, аз рӯйи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор миёни ҷомеа. “Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст”,-мегӯяд С. Абдуқодирзода. Гузашта аз ин, ба таъкиди ӯ, яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Раиси Шӯрои уламо барои тақвияти ин андеша аз ҳадиси Паёмбари ислом (с) ёдовар шуд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04