Дастгир гардидани марди 27-сола барои куштори собиқ ҳамсараш
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 353
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Дар бора ВКД хабар медиҳад.
Гумонбаршаванда собиқ ҳамсараш ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамроҳии духтари хурдсолаш ба наздаш даъват менамояд. 27-уми июни соли 2024, тахминан соатҳои 00:30-дақиқа, баъди хоб рафтани собиқ ҳамсар ва духтарчааш номбурда нисбати ҳамсараш нафрату бадбинӣ пайдо карда, бо дастонаш ӯро бӯғӣ кардааст.
Гумонбаршаванда фикр кардааст, ки ҳамсараш ба ҳалокат расидааст.
Сипас, бо мақсади пинҳон намудани ҷасад ӯро ба назди канали обгузар бурда, мебинад, ки ӯ зинда аст. Бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди кисагӣ дар қисмати рости гарданаш 5 маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...