Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗАНОН

Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ

БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗАНОН

Дар ноҳияи Балҷувон боз як иншооти ҷашнӣ-бинои Маркази занон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бинои мазкур дар маркази ноҳия бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии давлати Ҷопон бунёд ёфт. Дар тантанаи кушодашавии Маркази занон намояндагони сафорати давлати Ҷопон дар Тоҷикистон, сохтмончиён ва роҳбарияти ноҳия иштирок доштанд. Раиси ноҳия Шералӣ Ҷалилзода барои кумаки беғаразона ба мардуми Ҷопон изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки бо ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ободкориҳо дар ноҳияи Балҷувон боз ҳам рушд меёбад.

Бинои болозикр дуошёна буда, занони ноҳия метавонанд дар он ба ҳунарҳои дӯзандагӣ, чакандӯзӣ, пазандагӣ машғул шаванд. Ҳамчунин, дар ин ҷо табиби равоншинос ва мутахассиси соҳаи ҳуқуқ фаъолият мекунанд, ки занони ноҳия метавонанд, аз хизмати онҳо баҳравар гарданд.

Айни замон, дар Маркази занон 10 нафар занону духтарон ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар назар аст, ки оянда шумораи занони коргар зиёд мешавад.

Рӯзигул ҚУРБОНЗОДА
Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода