Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Бисту ҳафт сол аст, ки кабӯтари сулҳ дар фазои ватани азизамон дар парвоз аст…
Бисту ҳафт сол аст, ки сухан аз ваҳдату ҳамоиш мегӯем…
Бисту ҳафт сол аст, ки модарони тоҷик хотираҳои ғамолуди худро аз замони ҷанг чун афсона ба фарзандону наберагон қисса мекунанд, то ба насли ҷавон панд шавад ва бо шукрона аз осоиштагии ватан умр ба сар баранд...
ОҒОЗИ САРСОНИҲО
Зуҳро Саидғуфроноваро дар манзилаш дар ноҳияи Бохтар дар ҳоле дарёфтем, ки тариқи телефони мобилӣ ба писарони муҳоҷираш, ки дар Русия кор мекунанд, дуо медод.
- Фарзандонам, сад шукр, ки ҳар соат бо ман дар алоқа ҳастанд, - мегӯяд холаи Зуҳро, ки 67 сол дораду дар орзуи дидор ва оғӯшгирии се писари муҳоҷираш аст. - Вақте аз як минтақа ба минтақаи дигари Русия барои овардани бор ҳам раванд, ба ман занг мезананду хоҳиш мекунанд, ки барояшон дуои сафар диҳам. Дуои неки модар ҳамеша барои фарзанд зарур аст. Ман низ шабу рӯз дуо мекунам, ки дигар доғи пайвандонамро набинам ва ҳар ҷое ҳастанд, дар амони Худованд бошанд.
Холаи Зуҳро бо шукргузорӣ аз тинҷию оромии кишвар мегӯяд, ки саҳнаҳои замони ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри порро чун имрӯз равшан ба ёд дорад. Ҳар гоҳ, ки он рӯзҳои мудҳиш пеши чашмонаш меоянд, гиребони тавба дошта, аз Офаридгор ниёиш мекунад, то ягон тоҷику тоҷикистониро дубора шоҳиди он рӯзгор насозад.
- Бо гузашти бисту ҳафт сол аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ, шукри беҳад, ки дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем, - гуфт дар ёдоварии худ аз замони ҷанг холаи Зуҳро. – Дар замони сулҳ фарзандонамро ҳам хонадор кардаму ҳам ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гаштам. Аммо дар кунҷи дилам доғи бародари ғӯрамаргам то ҳанӯз боқист. Дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз набудани имконияту шароит ва сари вақт расида натавонистан ба беморхона, сараввал, ду набераи дӯстрӯямро аз даст додам. Баъдан, 25 октябри соли 1992, бародарам Раҳими 29-сола бегуноҳ кушта шуд. Аз ҳамон рӯзи шум сарсониҳои мо низ оғоз ёфт.
Мо, аввал, аз зодгоҳ ба ноҳияи Қумсангир (имрӯза Ҷайҳун) рафтем. Аз он ҷо ману шавҳарам ва фарзандони хурдсолам ба Афғонистон гуреза шудем. Як духтарам, ки хонадор карда будем, бо як бародарам ва хоҳарону модарам дар ин тарафи дарё, дар ватан, монданд…
Вақте 4 январи соли 1993 ба соҳили тарафи муқобили дарёи Панҷ, яъне хоки Афғонистон, гузаштем, аз қаъри дил фарёд кашидам. «Акнун беватан шудам». Баъд, як афғон омаду ба дастам афлесун дод ва гуфт: «Модар, инро бихӯр!» Гуфтам: “Заҳра хӯрам, ки ман беватан шудам”. Гуфт: “Ватани мо ватани шумо ҳам ҳаст”. Ҷавоб додам: «На, ҳар кас ватани худро дорад, хоке ки дар он ҷо хуни нофаш рехтааст, он ҷо ватани ӯст»...
“АЛФА” - ВАФОДОРТАРИН ДӮСТИ БАРОДАР
- Аз бародари ғӯрамаргам Раҳим чор фарзанди хурдсол боқӣ монд ва панҷумаш баъди ҳашт моҳи марги падар ба дунё омад,- идома дод холаи Зуҳро. - Ҳоло ӯ дар вилояти Суғд дар хизмати аскарӣ аст. Бародарам Раҳим аз хурдӣ сагро хеле дӯст медошт ва саги зотиеро бо номи Алфа калон карда буд. Мо аз зиракии ин саг ангушти ҳайрат мегазидем. Бародарамро баъзан вақт даруни коҳ пинҳон мекарданду чашмони Алфаро мебастанд, вақте мекушоданд, ӯ ҳамон замон Раҳимро ҷуста меёфт. Вақте мо дар ноҳияи Ҷайҳун будем, саг бо мо буд ва аз марги бародарам дар ноҳияи Бохтар хабар надошт. Ҳангоми гуреза шудан ӯро ба як ҳамсоя супоридем, аммо баъди чанд рӯз саг ба мавзеи Қарадуми ноҳияи Панҷ ба назди мо расид ва маро мебӯиду мегирист. Дигар ман натавонистам ӯро аз худ ҷудо созам. Вақти гузаштан аз сарҳад бо илтимосу хоҳиши зиёд сагро бо худ бурдем.
Алфа ҳам дар баробари 15 узви оилаи мо ғариб гашта буд. Тӯли дуюним сол, ки мо гуреза будем, аз наздиконам хабаре набуд ва танҳо Алфа тавонист ғамбарори ман бошад. Хонаводаи мо ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор муҳоҷирони дигари тоҷик дар як урдугоҳи фирориён дар ҳудуди вилояти Қундуз будубош дошт ва Алфа низ тамоми ин муддат бо мо буд. Обу ғизое, ки мо мехӯрдем, бо ин саг ҳам тақсим мекардем. Ба ёд дорам, ки хусуру хушдоманам аз аввалин афроде буданд, ки дар ғарибӣ ҷон доданд. Онҳоро дар сарзамини бегона ба хок супоридем ва ҳар дафъа эҳсос мекардам, ки саг ҳам баробари ҳар талафоти азизонам ғам мехӯрад. Уллос мекашид, ғамшарик буд, баробарам ашк мерехт, ғусса мехӯрд.
Ин саги зирак дар хоки кишвари ҳамсоя чандин харидор ёфт. Ҳатто баъди ҷавоби рад доданам ӯро куштан хостанд, аммо ба хотири зинда мондани Алфа назди як корманди ҳифзи ҳуқуқи афғон бо номи Халилӣ зону задаму гиристам, ки ин нишонае аз бародари ғӯрамаргам аст.
Халилӣ шояд дилаш сӯхт, ки маро “модар” ном гирифту то замони баргаштан ва ҳатто гузаштан аз сарҳад ману сагамро назорат мекард.
Баъди даъвати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ману аҳли оилаамон ва Алфа ба ватан баргаштем. Аз доду фиғони мо ва ном гирифтан аз Абдураҳим ва дар хона бедарак буданаш Алфа умедашро канд. Ҳар вақте Абдураҳимро ёд карда мегиристем, саг ҳам ба мо ҳамроҳ мешуд. Бо ҳамин ғам Алфаи вафодор рӯзе бемор шуд. Сагро барои табобат ва дар оянда насл гирифтан як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шаҳри Сарбанд бурд. Аммо дарду доғи бародарам Алфаро нагузошт, ки бо мо бошад ва баъди се моҳи бозгашт ба ватан Алфа аз дунё гузашт.
САДОИ ДИЛИ ХОҲАР АЗ «ХОКИ ВАТАН»
Модари холаи Зуҳроро, аз як тараф, доғи писари ғӯрамаргаш, аз тарафи дигар, зиндаҷудоиву бедарак будани духтару набераҳояш безобита мекарду дарун-дарун месӯхт. Сӯзиши қалби модари ҷигарсӯхта хоҳари холаи Зуҳро - хонум Махфиратро ором нагузошт ва ба сӯйи Хонаи радио роҳ пеш гирифт. Он лаҳзаҳо ба гӯши холаи Зуҳро аз барномаи «Хоки Ватан»-и радио садои ошно расид.
Вақте гуфта шуд: «Гӯш диҳед, ба садои дили Махфират», холаи Зуҳро аз ҳуш рафт. Пахши такрории барномаи «Хоки ватан»-ро шабона гӯш кард, ки, дар ҳақиқат, садои хоҳараш, садои азизи дилаш буд, ки мегуфт:
Бас аст заҳри ҷудоиҳо чашидан,
Бас аст бори ғарибиҳо кашидан.
Ба ёд ор, рӯйи модаратро,
Табассум кардани се хоҳаратро.
Ба дунё доштӣ давлат ду додар,
Гиристанҳои зори духтаратро…
Баъди шунидани ин садои ошно холаи Зуҳро тӯли 16 рӯз ба худ наомад ва назди гурезаҳои ба ватанбаргашта рафту рӯйи коғазпорае бо қалами абрӯи як зан ба хоҳараш нома навишт.
Хушбахтона, ин нома ба дасти хоҳаронаш расидааст ва онҳо Зуҳроро дубора тариқи радио даъват карданд, ки ба зодгоҳ баргардад. «Дигар, аз шодӣ намедонистам, чӣ кор кунам. Танҳо дар фикри расидан ба дидори наздиконам будам. Мехостам ҳарчи зудтар ба хоки ватан бирасаму онро сурмаи чашмонам кунам», - қисса кард холаи Зуҳро.
...Ҳоло Зуҳро Саидғуфронова зиндагии осуда, хонаву дари обод, молу замини кишт дорад ва аз ин ҳисоб рӯзгорашро ба хубӣ таъмин мекунад. Имрӯзҳо холаи Зуҳро ба фарзандону набераҳо достони саги вафодор - Алфа, рӯзгори сахти гурезаҳои иҷбории тоҷик ва пайомадҳои ногувори ҷанги шаҳрвандиро нақл намуда, онҳоро ба ҳифзи сулҳу салоҳ, хизмат ба ватан ва таҳкими ваҳдати миллӣ ташвиқ мекунад.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон», соли 2017
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.