Хоҳарон- гурдофаридони замон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 188
Варзиш яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа маҳсуб ёфта, ҳаводорони зиёд дорад. Маҳз варзишгарони асил метавонанд номи худу кишвари худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, барои баланд бардоштани парчами давлатӣ саҳм гузоранд.
Дар замони Истиқлоли давлатии кишвар дар фазои Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ ба ин соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хосса равона гардида, пиру барно вобаста ба шавқу завқи худ ба он машғул мешаванд. Хусусан, бо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлол соҳаи варзиш ботадриҷ рушд карда, ҳазорҳо варзишгарони асили кишвар дар арсаи ҷаҳон баромад намуданд.
Дар ҷомеаи имрӯза шахсони варзишгар зиёданд. Аксар ҷавонписарон ба варзиш машғул мешаванд. Инчунин шуҷоъдухтароне низ ҳастанд, ки ба варзиш ва тамрин таваҷҷуҳ дошта, номбардори кишвари хеш мешаванд. Қаҳрамонони матлаби мо хоҳароне мебошанд, ки бар замми синни хурд доштанашон дар майдонҳои мусобиқа баромад карда, дар оянда варзишгари асил шуданианд.
Ин гурдофаридони замон Хайриннисо ва Нигина Шариповаҳо мебошанд, ки яке 11-сола ва дигаре 8-сола аст. Хоҳарон ба намуди варзиши гӯштини тарзи озод машғуланду ин навъи варзишро дӯст медоранд. Онҳо ҳар рӯз, пас аз дарс ба толори варзишӣ рафта, бо роҳбаладии устодашон Маҳмадраҷаб Расулов дар он ҷо тамрин мекунанд. Хайриннисо аллакай 4 сол мешавад, ки бо ин намуди варзиш машқ мекунад ва дар як қатор мусобиқаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардидааст. Нигина бошад, 2 сол аст, ки вориди толори варзишӣ гардидаву нозукиҳои ин навъи варзишро меомӯзад. Ӯ низ дар баробари апааш дар мусобиқаи варзишӣ ширкат намуда, ғолибият ба даст меорад.
Онҳо зодаи совхози ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён ҳастанд ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳия таҳсил мекунанд. Дар мактаб низ бо баҳои хубу аъло мехонанд.
Омӯзгорон барои тарбияи хубу намунавӣ тавсифашон мекунанд. Дар оила чор фарзанд, як писару се духтар ҳастанд.
Бародари калониашон низ дар толори варзишӣ машқ мекунад ва хоҳарони худро роҳбаладӣ менамояд. Дар оила хоҳари хурдиашон - Хатича низ оҳиста-оҳиста ба ин намуди варзиш шавқ дорад. Ӯ айни ҳол 4 сол дорад, аммо дар баробари хоҳарон ба то-
лори варзишӣ омада, машқҳои дигар варзишгаронро тақлиду тамрин мекунад.
Тибқи гуфтаи падари хонадон Бахтиёр Шарипов, ба варзиш машғул шудани духтаронаш аз он лаҳза шуруъ шуд, ки духтари калониаш Хайриннисо се писарро мағлуб кардаву сазовори ҷойи аввал гардидааст: “Пеш аз ин писарам ба толори варзишӣ рафта, машқ мекард. Аз сабабе ки хурд буд ва роҳи варзишгоҳ нисбатан дуртар буд, ҳамроҳаш хоҳарашро низ мефиристодем. Як рӯз писарам шодикунон ба хона омада, аз ғолиб шудани хоҳараш мужда дод. Вақте ки Хайриннисо ҳамроҳи акааш ба толори варзишӣ мерафтааст, аз як кунҷ нишаста, нозукиҳои ин варзишро меомӯхтааст ва кам-кам бо акааш тамрин мекардааст. Дар ин толори варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад ва иштирокчиён аз гӯшаву канори кишвар ҷамъ шуда, сабқат мекунанд. Духтарам низ, дар ин мусобиқа ширкат карда, се писарро мағлуб мекунад ва сазовори ҷойи аввал мегардад. Ҳамин тариқ, ман тасмим гирифтам, ки ӯро барои тамрин ба толори варзишӣ иҷозат диҳам”.
Дар ҳақиқат, Хайриннисо бисёр духтараки чусту чолок аст. Ӯ дар бисёр мусобиқаҳо ширкат варзида, анқариб дар ҳамааш диплому медалҳои дараҷаи якумро соҳиб гаштааст. Пайваста талош мекунад, ки маҳораташро сайқал диҳад, дар оянда варзишгари асил шуда, парчамбардори Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ гардад.
- Дар оянда мехоҳам варзишгари номдор бошам. Имрӯз бо дастгирии волидон ва кумакҳои бевоситаи устодам Маҳмадраҷаб Расулов дар намуди варзиши гӯштини тарзи озод машқ мекунам. Мақсадам, пеш аз ҳама, баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон аст.
Дар ин баробар, мехоҳам оянда табиб шуда, барои солимии ҷомеа низ саҳми худро гузорам, - изҳор медорад Хайриннисо Шарипова.
Боиси хушнудӣ ва шарафмандист, ки имрӯз дар ҷомеаи мо кӯдакону наврасон вобаста ба завқу шавқи худ ба варзиш машғул шуда, ояндаи худро дурахшон месозанд. Шароити мусоид фароҳам овардан барои насли наврас, хусусан имкониятҳои васеи маишӣ дар замони муосир кӯдаконро руҳан болида сохта, завқашонро нисбати ҳар як кор даҳчанд меафзояд. Хайриннисо ва Нигина низ аз чунин шароит бархӯрдоранд ва дар фазои сулҳу оромӣ зери осмони Ваҳдати миллӣ зиндагӣ доранд.
Замира Асадова, модари қаҳрамонони мо, мегӯяд, ки фарзандонаш вақти холӣ барои корҳои беҳуда надоранд.
-Аз хурдӣ худам орзу доштам, ки варзишгар шавам,- нақл кард ӯ. -Аммо шароит бароям фароҳам нашуд, ки орзуи худро амалӣ созам. Аз ин рӯ, фарзандони худро варзишгар дидан хостам. Онҳо ҳамарӯза ба толори варзишӣ рафта, машқ мекунанд. Ба дарс мераванд, пас аз дарс ба хона омада, дар хона низ бо ҳамдигар тамрин мекунанд. Шояд масъулият ва завқи онҳост, ки имрӯз дар тамоми мусобиқаҳое, ки иштирок мекунанд, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Мо – волидон низ кӯшиш мекунем, ки барои пешрафти фарзандонам тамоми шароитро фароҳам оварем.
Ин гурдофаридони замон дар толори варзишии “Тоҷик” тамрин мекунанд. Дар ин толори варзишӣ машқ омӯзонидан ройгон ба роҳ монда мешавад. Агар яке аз воситаҳои бедор намудани завқи кӯдакону наврасон ба варзиш дастгирии волидон бошад, омили дигар маҳз ба роҳ мондани чунин иқдомҳо мебошад.
Бахтиёр Шарипов, падари варзишгарони ҷавон ба хотир овард, ки: “Ман худам аз хурдӣ дар назди устоди варзиш Маҳмадраҷаб Расулов тамрин мекардам.
Ба маҳорату ҳунари эшон қоил ҳастам. Аз ин рӯ, хостам, ки фарзандонам низ шогирди ӯ бошанд. Дар аввал писарам тамрин мекард, баъдан духтаронамро низ вориди ин толор ва ба шогирдии ин устоди бомаҳорат додам”.
Маҳмадраҷаб Расулов устоди варзишгарони ҷавон, шод аст, ки ин хоҳарон нисбати дигар шогирдонаш хеле фаъол мебошанд: “Дар ин толори варзишӣ зиёда аз 100 нафар ба варзиш машғул мешаванд, ки аксарашон духтаронанд. Духтарон нисбати писарон фаъол ҳастанд. Хайриннисо ва Нигина яке аз фаъолтарин шогирдонам маҳсуб меёбанд, ки дар аксари мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат карда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Ман ифтихор мекунам, ки имрӯз шогирдони тарбиянамудаи ман ҳамчун варзишгарони далеру шуҷоъ, ҳатто дар гӯштин бо писарон низ ғолибият ба даст меоранд”.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон чунин кӯдакони далеру ҷасур хеле зиёд ҳастанд, ки бо маҳорати худ метавонанд Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Маҳз ҳамдигарфаҳмӣ, фазои сулҳу суботи кишвар, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз барои насли наврас чунин имкониятҳои нек фароҳам оварда шудааст.
Ин гурдофаридони замон дар оянда дар рушди варзиши тоҷик саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
Шаҳодат ХОЛОВА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...