Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » НИШОНЕ АЗ ҲАЛЕВАРДИ БОСТОН


НИШОНЕ АЗ ҲАЛЕВАРДИ БОСТОН


Ҷалолиддини Балхӣ, яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст. Маркази ин ноҳия, дар гузашта шаҳраки Балх буд, ки дар 32 км шаҳри Бохтар ва дар доманаи кӯҳ ва канораи рӯди Вахш ҷой дорад. Ин шаҳрак то шаҳри Душанбе 132 км фосила дорад.

Агар ба мавқеи ҷойгиршавии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ назар андозем, ин ноҳия дар қисми ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ, байни доманакӯҳи Қизилтумшуқ ва канали Қумсангири водии Вахш ҷойгир шуда, аз шимол бо ноҳияҳои Кӯшониён ва Вахш, аз шарқ бо ноҳияи Фархор, аз ғарб бо ноҳияи Дӯстӣ ва аз ҷануб бо ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ ҳаммарз аст. Ҳудуди ноҳия 905 км2 ро ташкил медиҳад.

Ноҳия 21 марти соли 1933 дар бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва нахӯстин бор ноҳия номи Вахшро дошт. Ҷуғрофидонон ва сайёҳони арабизабон ва порсизабони асрҳои миёна номи ин ноҳияро Ҳалевард зикр кардаанд.

Ҳалевард дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда арку шаҳристон ва рабаз доштааст. Бинобар навиштаи соҳиби “Ҳудуд-ул-олам мин-ал- Машриқ илал Мағриб”:

“Ҳалевард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ”.

Ҳелевард аз ду вожа дар забони эронии бостон сохта шудааст, ки аз hada-“аз”+ varta- “санг” ва маънии он “сохта шуда аз санг” яъне, “шаҳри сангӣ” аст. Бозёфтҳои бостоншиносии шаҳри қадимаи Ҳалевард далолат ба он мекунад, ки он дар замони Кӯшониён падид омада, дар асрҳои миёна маркази Вахшонзамин будааст. Ин шаҳрро мардумонаш аз ҳамон даврон ба киштукор машғул шуда, бар замми ин онҳо барои ҳимояи марзу бумашон аз санъати ҷангӣ низ бархурдор буданд, яъне далели қотеъӣ ин гуфтаҳо камонвар будани онҳо мебошад.

Шаҳри Ҳелевардро дар соли 750 милодӣ истилогарони араб бо душвориҳои зиёд – бо талафоти калон забт намуда, онро Кофирқалъа номиданд. Бостоншиносон соли 1960 харобаҳои ин шаҳри қадимаро дар канораи ғарбии ноҳия ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад.

Маркази Вахшонзамин ба шаҳре кӯчонида шуд, ки 12 км шимолу ғарбтар аз харобаҳои Кофирқалъа дар канори рӯди Вахш ҷой дошт. Дар асрҳои миёна ин шаҳр низ Ҳалевард ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун бо номи “Золи Зар” назди деҳаи Узун, дар канори чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз ноҳия ва 23 км дуртар аз шаҳри Бохтар боқӣ мондааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷойи харобаҳои кунунии Золи Зар дар асрҳои III-IV мелодӣ бунёд ёфтааст. Пас аз истилои араб ва вайрон шудани Ҳалеварди якум, ин деҳа дар асрҳои X-XIII шаҳри калон гардид ва то ҳамлаи муғул маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён ин шаҳр ба харобазор табил ёфтааст.

11июни соли 1954 Кагоновичобод расман маркази маъмурии ноҳия эълон мешавад. 3 июни соли 1957 шаҳраки Кагоновичобод ба хотири ободгарони водии Вахш, ки аз шимоли Тоҷикистон кӯчонда шуда буданд, нахустин калхозҳоро дар водии Вахш ташкил карданд ва номи Колхозободро гирифт.

10 январи соли 1991 шаҳрак ба ёди Сироҷиддин Исоев - Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ-яке аз ободгарони водии Вахш, ки 28 сол раисии ин ноҳияро ба уҳда дошт, гузошта шуд. Аз соли 2016 ба хотири гиромидошти нобиғаи адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ноҳия номи Ҷалолиддини Балхӣ дода мешавад.

Сохтори таркибии ноҳияи Ҷалолид-дини Балхӣ аз 8 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иборатанд: шаҳракҳои Балх ва Гулистон, ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард, Маданият, Навобод, Калинин, Фрунзе ва Узун. Дар ноҳия 71 кӯча ва 85 деҳа мебошад.

Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дорои мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ва инфрасохтори хизматрасонӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки муаррификунандаи таъриху фарҳанг осорхонаҳо ба шумор мераванд. Аз соли 1985 дар ноҳия Осорхонаи таъриху- кишваршиносӣ фаъолият менамояд, ки дар он ҳоло 1846 нигораи таърихӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Зулфия АЗИЗОВА,

магистранти ДДБ

ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода