ЗАМИН ХАЗИНА АСТУ ОБ ГАВҲАР
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 02 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 1 197
Баробари дамидани субҳ хуршед бо нурҳои худ оламро мунаввар мегардонад. Об бошад, вуҷуди оламу одамро пок сохта, ҳаёт мебахшад. Пас об сарчашмаи ҳаёт аст.
Об-ин сароғози шукуфоии дашт, гулу гулзорҳо, ободии манзилҳо ва амалӣ гаштани орзую умедҳои инсон аст.
То даме ки об ҳаст, ҳаёт, зиндагӣ, меҳр ва муҳаббат аст. Зебогии ҳаёт, ҳусну таровати он маҳз ба туфайли об аст. Аз садои об, ки дар мавҷҳои худ лаззати ҳаётро меорад, болотар суруди хуш ва оҳанги фораме нест.
Рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши рустанӣ, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо бо шарофати ин неъмати беназир аст.
Ҳикмати халқро, ки “об- рӯшноӣ” мегӯянд медонем, пас имрӯз аз шеваи дили дарё низ огаҳ мешавем, ки бо ин хомӯшиву безабониаш дар дил чӣ розҳо, чӣ гуфтаниҳо дорад.
Дарё мегӯяд: “Ман он рӯдеам, ки дар роҳи пурпечутоб на санги раҳро мешиносаму на соҳилро. Ман он дарёи якраву пуршӯр ҳастам, ки фақат шеваи дилро мешиносам. Меравам аз миёни дараҳои танг, мегурезам мисли ҷонвари аз шикор ҳаросида, намедонам, ки дар охир маро чӣ интизор аст. Валекин худ ба худ меситезам.
Замоне мешавад, ки мисли шоир парешон мешаваму мехоҳам аз тангӣ сӯйи паҳно гурезам ё мисли ошиқи дурикашида домани дашту даманҳоро бигирам. Мехоҳам дар даштҳо парешон гардаму худро дар парешонӣ шиносам ва ба сад шохоб пора гардаму дили сахти заминро нарм созам. Ҳар як шохоби ман дар дашт мисоли панҷаҳои дасти боз ҳасту ҳар як зарраи хок ба ман муҳтоҷу ҳар ташнаро рӯйи ниёз бар ман аст. Ман он рӯдеам, ки мехоҳам аз кӯҳи баланде бо амри ҳамеша ба пастиҳо раваму дар дашту саҳро худамро гум кунам ва аз ман ҳар кас боғи зебо бунёд кунад. Ман худ медонам, ки оғози ман аз санг аст, вале мехоҳам анҷоми ман фақат гул бошад”...
Зиндагиро ҳар кас ба таври худ тасаввур мекунад. Яке, бо бахту саодат, дигаре, бо ғаму андуҳ. Хулас, дар табиат инсон ҳамеша шоду чун гул доимо шукуфон нест.
Шомгоҳон хостам лаби дарё раваму нишинам ва бубинам он рӯзи рафтаи худро ва дар хаму тоби дарё бубинам ба чӣ монанд аст ожанги пешониам. Хостам аз дарё шоириро биёмӯзам, зеро шеъраш обдору равон аст, зебогуфтор асту афсонаи ӯ ҳайратангез.
Хулоса, об, ҳақиқатан ҳам, поккунанда ва асоси ҳастист, чунончӣ:
Ба мисли шиша шаффоф аст,
Ба монанди само соф аст.
Ба мисли ранг гулоб аст,
Бале об аст, об аст.
Албина МИРЗОКУЛОВА
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30