ТАОМҲОИ МИЛЛӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 2 039
Таомҳои миллӣ як бахши фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик ба шумор мераванд. Аз даврони қадим тарзи гуногуни омодасозии таомҳои миллӣ дар миёни мардум ба таври васеъ роиҷ аст. Метавон гуфт, ки маҳз ҳамин унсур, яъне таоми миллӣ, дастурхони имрӯзаи тоҷикро бо рангорангии худ оро медиҳад. Хусусан, дар ҷашну маросими мардумӣ ва ҷашни Наврӯз ғизоҳои миллии тоҷикон бештар ба назар мерасанд.
Таомҳои миллии тоҷикӣ ва тарзи омодасозии онҳо дар манотиқи кишвар як хел нестанд. Агарчи баъзе намуди хӯрокҳо дар зиндагонии рӯзмарраи тоҷикон омода карда шавад ҳам, аммо таомҳое ҳастанд, ки махсуси ин ва ё он ҷашну маросим ва маъракаҳои минтақаҳои алоҳида мебошанд. Намудҳои хӯрокҳое, ки хоси як минтақаанд, дар дигар маҳал ва ё минтақаҳои ҷумҳурӣ бо тарзу усули гуногуни омодасозӣ ба назар мерасанд.
Тандуркабоб
Тандуркабоб яке аз таомҳоест, ки сокинони ноҳияи Шаҳритус ба таври васеъ омода месозанд. Он пурра аз гӯшти гӯсфанд омода мегардад ва на ҳар кас ба таври аъло аз уҳдаи пухтани ин таом мебарояд. Пойи гӯсфандро намак карда, зира, барги арча ва тухми гашнизро меомезанд. Баъдан, аз сих гузаронида, дар танӯри тафсон меовезанд. Дар болои алов зарфе мегузоранд, ки ҳангоми пухтани гӯшт ва бухор шудан аз бадани гӯшт обҳои зиёдатӣ ба он зарф мерезад. Болои танӯрро бо сарпӯш маҳкам мекунанд ва болои сарпӯшро бо лой пур мекунанд, то ки гармии танӯр ба берун набарояд. Ин танӯр аз қисми поёнӣ каме сурох дорад. Ба воситаи ин сӯрох ҳавои нолозим мебарояд ва ҳавои лозим дохил мешавад. Муҳлати омодашавии ин таом тақрибан 5-6 соат мебошад. Баъди омода шудани таом, сарпӯшро кушода гӯшти пухтаро гирифта реза мекунанд.
Кочӣ
Тарзи тайёр кардани атолаи кочӣ чунин аст: нахуст дар дег 2 литр обро меҷӯшонанд. Баъд як литрашро дар алоҳидагӣ мегиранд. Дар оби дег як коса орд андохта, барои сахт нашудан оҳиста-оҳиста мекованд. Пасон, оҳиста-оҳиста оби дар алоҳидагӣ гирифтаро ба даруни дег рехтан мегиранд. Баъд аз пухтани таом онро дар лаълӣ гирифта, ба болояш равғани зард мерезанд. Дар ин намуди таом шир низ ҳамроҳ мекунанд. Дар ноҳияи Ховалинг ин навъи таом хело маъмул аст.
Шаловшира
Як навъи таоми табобатӣ буда, хоси мардуми ноҳияи Муъминобод аст. Дар дигар минтақаҳо кам истифода бурда мешавад. Ин таомро аз бодоми талх ва об тайёр мекунанд. Бодомро дар уғурак лат зада, орд мекунанд ва дар дег ба як сатил об ҳамроҳ карда, оҳиста-оҳиста кофта, бод медиҳанд. Бо ин усул талхии бодом бо об бухор шуда, дар натиҷа як таоми болаззат тайёр мешавад.
Намунаҳои беҳтарини таомҳои миллии тоҷикон, аз қабили оши ҷиварӣ, бутқа, упка, тушбера, барги ток, сала, қоракулча, оши ҷуворимакка, ҳалвои бо шир, ширҷӯшӣ, атолаи нашоиста, атолаи ба қанд, атолаи кочӣ, дуғрӯған, шаловшира, ревиҷ, тухми ширӣ, оши бурида, далда, нонҳо: тунукча, қатлама, фатири равғанин, кулча, нони калон, нони мағздор, фатирмаска, таҳмол ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.
Таҳияи Ҳангома
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30