МАҶМААИ ОБТАЪМИНКУНӢ БАРОИ 7 НОҲИЯ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 1 934
Аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар ҳафт ноҳия: Восеъ, Кӯшониён, Вахш, Балхӣ, Дӯстӣ, Левакант ва Ҷайҳун сохтмони аввалин маҷмааи обтаъминкунии умумӣ ба роҳ монда мешавад.
Зимни татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунӣ дар деҳот ва беҳдошт дар ноҳияи Восеъ моҳи декаб-ри соли 2020 сохтмони маҷмааи обтаъминкунӣ барои деҳаҳои ноҳия оғоз ёфт. Айни замон дар Ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев 56 фоизи корҳои сохтмону васлкунӣ ба анҷом расидаанд.
Ҳамчунин, айни замон корҳои тарроҳӣ ва ҷустуҷӯӣ дар маҷмааи обтаъминкунии байниноҳиявии Вахш, ки гурӯҳи ноҳияҳои Вахши вилояти Хатлонро фаро мегирад, идома доранд.
Баъди ба итмом расидани он соли 2025 дар ноҳияҳои интихобшудаи вилояти Хатлон беш аз 400 ҳазор нафар бо оби тоза ва хушсифат таъмин мешаванд.
Комрони БАХТИЁР
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30