БА ХИЗМАТИ ВАТАН СОДИҚЕМ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният, Боздид 1 382
Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъалаи нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, рушди истеҳсолот диққати ҷиддӣ дода шудааст.
Қайд гардид, ки ҷавонони даврони истиқлолият дар таҳсил, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар самтҳо боиси ифтихор мебошанд. Имрӯз ҳис карда мешавад, ки ҷавонон аз уҳдаи ҳама кору вазифае, ки дар наздашон гузошта шудааст, ба хубӣ мебароянд ва ин нукта дар Паёми Пешвои миллат бо тантана садо дод. Ин боварии Ҷаноби Олӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҷавонон то дараҷае арзандаи замонанд.
Ман ҳангоми мактабхониам ба гӯштини ҷопонӣ шавқ доштам ва ба тамрин мерафтам. Дар чандин мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, сазовори медалҳои тиллову нуқра шудам.
Шавқам, ки ба варзиш зиёд буд, баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳияи Ёвон ба Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудам. Ҳоло курсанти бахши дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ мебошам. Имсол ба он мушарраф шудам, ки ба ман барои рафтори намунаву дониши хубу аъло унвони сержанти хурди милитсия доданд. Ин маро водор мекунад, ки боз ҳам дар хондану рафтор намуна бошам. Зеро Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат дар ҳама суҳбату вохӯриҳояш бо сокинони ҷумҳурӣ дар бораи ҷавонон бо таваҷҷуҳи хоса сухан мегӯяд. Мо-ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ бояд ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат ба ҳисси ватандӯстӣ, дониши хубу аъло, рафтору гуфтори нек ҷавоб гардонем. Бо бовариву сарфарозӣ мебояд гуфт, ки чунин имконият, бахти баланд духтаронро маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ насиб гардидааст.
Олуфтамоҳи Латиф
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30