ПАРВАРИШГОҲИ ДАРАХТОНИ ОРОИШӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ, Боздид 1 169
Хоҷагии деҳқонии дарахтони ороишии “Сайидон” аз хоҷагиҳои навтаъсисе ба ҳисоб меравад, ки соле пеш бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо ниҳолу дарахтони нодири ороишӣ таъсис дода шудааст.
Сайидхӯҷа Азизов, роҳ-бари хоҷагии мазкур, солиёни зиёд дар кишварҳои Олмону Сербия таҷрибаи нигоҳубину парвариши дарахтони ороиширо аз бар намуда, имрӯз, ба хотири рушди соҳаи боғҳои ороишӣ дар ватани худ саъю талош дорад. Ба гуфтаи ӯ давоми ду соли аввали фаъолияти хоҷагидорӣ ба онҳо муяссар гашт, ки дар як гектар замин боғи дарахтони нодирро бун-ёд намоянд. Дар ҳоли ҳозир дар як қитъаи хоҷагӣ зиёда аз 750 бех ниҳолу дарахтони ороишии нодир парвариш карда мешавад, ки дар бозорҳои дохилу хориҷ аз кишвар арзиши баланд доранд.
- Мо ниҳолу қаламча ва тухмии дарахту гулбуттаҳои ороиширо аз кишварҳои Олмону Сербия ва дигар мамлакатҳои аз лиҳози рушди боғҳои ороишӣ пешрафта дастрас менамоем. Гарчанде барои бунёди боғҳои нодир ва афзоиши дарахтони қиматбаҳои ороишӣ вақту маблағҳои зиёд сарф мешавад, аммо рушди ин самти боғдорӣ барои кишвари мо ниҳоят муҳим аст. Зеро бо мурури беҳбудии сатҳи зиндагӣ талаботи ҷомеа ба боғҳои фароғатии намунавӣ ва истироҳатгоҳҳои дорои дарахтони нодир зиёд шуда истодааст. Азбаски дар кишвари мо хоҷагиҳои дар самти парвариши дарахтони нодир ангуштшуморанд, хоҳишмандони ин навъ то имрӯз дарахтони ороиширо бо нархи гарон аз хориҷи кишвар дастрас менамоянд.
Дар хоҷагии деҳқонии дарахтони ороишии “Сайидон” 12 нафар, аз ҷумла 4 бону, ба нигоҳубини дарахтони ороишӣ ва парвариши дигар зироатҳои барвақтӣ машғуланд. Имсол хоҷагидорон дар марзҳои ҳосилхези хоҷагӣ 3 гармхонаи парвариши зироатҳои барвақтиро ба роҳ мондаанд. Ҳодихӯҷа Файзиев, сардори гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Сайидон” бо сипосу шукргузорӣ аз имкониятҳои фароҳамнамудаи муассисони хоҷагӣ изҳор медорад, ки таъсиси хоҷагии мазкур ва ташкили гармхонаҳои замонавии парвариши маҳсулоти барвақтӣ бо усулҳои замонавӣ аз иқдомҳои навбатии соҳибкорони ватан-дӯст мебошад. Ба роҳ мондани усулҳои наву замонавии кишту парвариши сабзавоту дигар маҳсулоти ниёзи мардум имкон медиҳад, ки дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи барвақтӣ, ҳамчунин, сокинони деҳот ба шуғлҳои баландмузд фаро гирифта шаванд.
Коргарзанони хоҷагии деҳқонии “Сайидон” изҳори хушнудӣ аз он доранд, ки дар баробари дарёфти шуғлҳои музднок онҳо асрори парвариши дарахтони нодирро аз худ намуда, дар рушду нумӯи ин самти боғдорӣ дар вилоят замина мегузоранд. Масъулияти парваришу солимии ниҳолу дарахтони нодирро дар ин хоҷагӣ агрономи ҷавон Парвина ба зимма дорад. Воқеан, ҳоло, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ эҳтиёҷи зиёд доранд, ӯ аз бонувони ангуштшуморест, ки ба ҳайси агроном дар пешбурди фаъолияти кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ менамояд.
Ба гуфтаи деҳқонони соҳибтаҷриба вақти он расидааст, ки хоҷагидорон ҷиҳати омода намудани кадрҳои соҳаи агрономӣ иқдом намуда, фарзандони худро барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои оливу касбии соҳаи кишоварзӣ тарғибу роҳнамоӣ намоянд. Зеро рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ ва ҷавобгӯи талаботи замон истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ бидуни аз бар намудани таҷрибаи пешрафтаву доштани мутахассисони варзидаи соҳа ғайриимкон аст.
Ҷ. САФИДДИНОВ,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30