КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶАШН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 1 038
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар конференсия таҳти унвони «Наврӯз - унсури таҳкимбахши ваҳдати миллӣ» бо иштироки Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Абдулқодир Талбаков, директори китобхонаи «Лоҳутӣ», Ҳамза Камол, доктори илмҳои таърих, профессор, Амиршои Хатлонӣ, муовини раиси Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ҷумъахон Меҳмондӯстзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, инчунин, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони макотиби миёнаву олии шаҳри Бохтар гузаронида шуд.
Дар рафти конфронс иштирокдорон оид ба арзишҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фармудаанд: «Наврӯз хислати бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ ва накӯкориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намуда, табиатро бедор месозад, равшаниро бар зулмот, гармиро бар сардӣ пирӯз мегардонад ва шодиву сурури мардумро ба зиндагӣ бештар мегардонад» изҳори назар карданд.
Сипас, дигар иштирокчиёни конфронс баромад карда, ҳамагонро ба поянда нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва якдиливу иттифоқӣ даъват намуданд.
С.АЗИЗОВ,
“Хатлон”
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30