НАВРӮЗ ШАҲСУТУНИ БИНОИ ХЕШТАНШИНОСИИ ТОҶИКОН АСТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 1 021
Гулчини иқтибосҳои наврӯзӣ аз Паёму суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ ва воситаи муҳими сарҷамъ намудани ҳамаи сокинони кишвари азизамон-Тоҷикистон мебошад.
Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав, қосиди баҳор, сарчашмаи ҳаёт, эҳёи табиат ва иқдому амалҳои неку созанда мебошад.
Ба қавли донишмандон, дар байни ҷашнҳо он, чи бештар мавриди қабули ом аст, Наврӯзи ҷаҳонафрӯз мебошад.
Мо аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд.
Аз ҷониби СММ ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин оини инсонпарварона эҳтиром доранд.
Тоҷикистон ба хотири мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯз яке аз кишварҳои ташаббускор буд.
Ҷашни бостонии Наврӯз дар ватани аслии худ – Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешавад.
Наврӯз бо ҳама сифатҳои некбинонааш ба хонадони мардум ва ба ҳар як фард паёми хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтиву хонаободӣ меорад.
Дар айёми иди Наврӯз мардуми мо ба тозаву озода намудани хонаву манзили худ машғул шуда, гулгашту хиёбон, боғу майдонҳоро ободу хуррам мегардонанд.
Наврӯз дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамзистиро бештар менамояд.
Хони ҳафтсину ҳафтшини наврӯзӣ ба ин суру шодмонӣ ҷилои бештар бахшида, аз хайру баракат ва фаровонию хушбахтӣ башорат медиҳад.
Аз миёни урфу одатҳои наҷиби наврӯзӣ бахшидани гуноҳон, некӣ ба инсонҳо, кумак ба ниёзмандон асрҳо боз идома доранд.
Бо омадани Наврӯз табиат зинда гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, ҳаракат ба оромӣ ғалаба мекунад.
Дар айёми ҷашни Наврӯз одамон аз хурд то бузург бо ҳамдигар муомилаи нек мекунанд, бо нармӣ сухан гуфта, ба ҳам созиш мекунанд.
Ҷаҳонишавии Наврӯз ҳақиқати таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро ба воқеият табдил дод.
Наврӯз ҷашни хислату амалҳои нек буда, муҳтавои асосии онро пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек ташкил медиҳад.
Бузургдошти Наврӯз бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист.
Бахти баланди миллати сарбаланди тоҷик аст, ки ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил истиқбол менамояд.
Пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳими миллӣ ба шумор меравад.
Наврӯзи ҷаҳонӣ имрӯз низ метавонад дар ҳамкориву ҳамгироӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад.
Ҷашни Наврӯз, илова бар ин, яке аз арзишҳои қадимӣ будани миллати тоҷик буда, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии динию мазҳабӣ нест.
Ниёгони мо суннату анъанаҳои неки Наврӯзро аз даврони бостонӣ ҳифз намуданд ва онро чун машъали фурӯзон аз насл ба насл расониданд.
Бинои хештаншиносии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст: яке, забони модарӣ ва дигаре, ҷашни Наврӯз мебошад.
Моро лозим аст, ки суннатҳои волои ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаи Наврӯзро зина ба зина эҳё намоем. Дар айёми Наврӯз ҳаёт ба марг, нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад.
Ёдгориҳои Тахти Ҷамшед маълум намуданд, ки Наврӯз дар қаламрави 23 кишвари онрӯзаи ҷаҳон ҷашн гирифта мешудааст.
Наврӯз метавонад ба ҳайси барномаи дӯстиву баҳамоии мардумони ҷаҳон истифода шавад.
Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардуми мо будааст.
Наврӯз дар замони Пешдодиён, Каёниён, Сосониён ва Сомониён мақоми умумимиллӣ касб карда буд.
Наврӯз дар сиришти ҳар шахс ахлоқи ҳамидаву меҳру садоқат ва покизагии рафтору кирдор мепарварад.
Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт аст.
Таҳияи Ҳангомаи ИСМАТ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04