Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дуоят оламгир аст, модар!


Дуоят оламгир аст, модар!



Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.


Аслан бо ҳамин сифату бузургдоште, ки маснади модарро васф намудаанд, ба санда аст, то инсоният сари таъзим ба хоки пояш дошта бошад. Бо вуҷуди ин аз он рӯзе, ки сари ақл меоиву худро мешиносӣ, атрофро бо чашми хирад менигарӣ, аввалин меҳрро ба модар мебандӣ ва мехоҳӣ дар ҷавоби ҳама хизмату меҳрубониҳо дар ҳаққаш сухани наву васфкунандае гуфта тавонӣ.

Модар ба он ҳама ранҷу азобе, ки то ба камол расидани фарзанд мекашад, қувваи офарандагиашро муқобил мегузорад. Он қувва синаи меҳр аст, ки Худованд танҳо модарро насиб гардонидааст ва ӯро алорағми ҳама ранҷу азоби баҳри тарбияи фарзанд кашидааш сарбаланду поянда нигоҳ медорад. Бо он ҳама ранҷу азоб, ки то дами охирин мекашад ва ду- ояш касро қодири олами орзуҳо мегардонад, модар танҳо як таманно дорад: як нигоҳи бамеҳр, як сухани айни савоб, як муомилаи нарм, як аъмоли хайр, ки ҷамъан ҳурматпазирӣ аст, байни фарзандон пойдор бошад.

Бо он меҳру муҳаббати бемисл, бо ғизои дилу ҷон, ки як лахти хуни дар батн ҷонатошударо парварида, то ба ҳадди инсони комил мерасонад, модар муъҷиби ҳадиси ҷовидонаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с.с.) гардидааст, ки онро шоири шаҳири Покистон аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хуб ба риштаи назм кашидааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.


Ба қадри ин сухан даме мерасем, ки ба сахтиву нокомӣ, яъсу номуродӣ рӯ ба рӯ мешавем. Боз аз қалби саршор аз меҳру муҳаббати модар маслиҳат мешораду аз вартаи шикастҳо мераҳем.

Қалбе ки саршори меҳру муҳаббат ва аз шарёни раҳм маъво гирифтааст, қалби модар аст. Фарзанд бо ҳама хулқу хӯи хубу зишт барояш азиз аст. Модар фарзанди қобилу ноуҳдабаро, боақлу бефаросат надорад. Ин ҳама аъмолест, ки аз муҳит ба мо мерасад ва ин ҳама сифату нуқсро дигарон мебинанд. Ҳама кибру ғурур, нописандии кӯдаконаи фарзандро модар мебахшад, чунки фазилати ӯ бахшандагист. Бовар дорад, ки фарзанд дар дами пирӣ асояш аст.

Дар оинаи таърих пайдост, ки борҳо фарзандони одам ба қасди ҷони якдигар теғ кашидаанд.

Дар ин лаҳзаҳо ҳам дасти дуои модар ғалаба мекунад ва тарафҳо сари сулҳу салоҳ меоянду оштӣ мешаванд, ба номи бузурги модар қасам ёд мекунанд, зеро аз синаи раҳмаш ғизо гирифтаанд.

Қувваи меҳри модарӣ, дасти дуои модарона ҷозибаи бузургу бемисл дорад. Танҳо як оҳи модар басанда аст, ки замину афлок якҷо бигирянд, зишт шикаст хӯраду қабеҳ нопайдо шавад, ғусса кафангадо гардаду хусумат аз пой афтад, ҷанг мираду ғазо сӯзад ва ҷойи онҳо зебоӣ пирӯз шавад, фасоҳат лабрез гардад, шодӣ танин андозаду дӯстӣ побарҷо монад, сулҳу оштӣ равшангар, осмон ғарқаи нуру сафо, замин шодоби шириниҳои ҳаёт бошад.

Модар ба ҳамаи ин қодир аст. Ба ин шаке нест ва буда ҳам наметавонад. Инро, бахусус, дар замони соҳибистиқлолии сарзамини куҳанбунёди миллати соҳибтамаддун таҳти сиёсати раъиятпарваронаи фарзанди фарзонаи модари тоҷик Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос менамоем. Сарзамини қарнҳо дар масири тираи таърих рӯшан набудаи тоҷикон ба фазои озодӣ расид, мардуми модар-Ватанпарвари он бо дуои хайри модарон дар пайраҳаи қисмат гомҳои устувор доранд, баҳри фардои дурахшони зиндагӣ. Имрӯз ҳусни тафоҳум, ваҳдату дӯстӣ пойдору Парчами миллат дар ин фазо партавфишон аст. Ин ҳама аз дуои қалби пурмеҳри модар насиб гардид, хонаи тоҷик бо ҳама дороияш маскани сулҳ унвон гирифт.

Хушбахтии мардуми озодманишу тамаддунпарвари тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ боз дар он аст, ки дар сарзамини биҳиштосои мо аввалин рӯзҳои фасли зебои табиат, баҳор ба номи поки ин олиҳаи зебоӣ, фариштаи заминӣ-Модар унвон шудааст. Аз ин эҳтиромдорӣ, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат дар тақвими миллати тоҷик сабт шудааст, аз умқи дил ин сухан ҷӯш мезанад: Бо он ҳама ҳусну назокат, бо он оғӯши гарму пурмеҳр, бо он лафзи ширини дарӣ, ки ту дорӣ, ба хушбахтии мо ҷовидон бошӣ, модар!

Исматулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи А. Ҷомӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода