Ёдгориҳои «Хуттали Кадим» шомили феҳристи юнеско мешаванд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 227
Чанде пеш масъулони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносони байналмилалӣ оид ба масъалаи парвандаҳои номинатсионии “Хуттали Қадим” мулоқоти онлайнӣ доир намуданд.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Мирзошариф Абдусаломов иттилоъ дод, дар вохӯрии мазкур раванди арзёбӣ, идомаи корҳои номинатсионӣ, мукаммалсозии онҳо, сертификаткунонии объектҳои силсиланомтнатсияи “Хуттали Қадим” ва масъалаҳои марбут ба он мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар парвандаҳои номинатсионии “Хуттали Қадим” иборат аз ҳуҷҷатҳои 12 ёдгории таърихию фарҳангии вилояти Хатлон таҳия карда шуда, барои арзёбии техникӣ ба Дафтари марказии ЮНЕСКО дар Париж ирсол карда шудааст.
Ёдгориҳои мавриди назар инҳо мебошанд:
1. Қалъаи Золи Зард (н. Данғара, Хатлон),
2. Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (н. Данғара, Хатлон),
3. Шаҳраки Манзартеппа (н.Восеъ, Хатлон),
4. Шаҳристони Ҳулбук (н. Восеъ, Хатлон),
5. Мақбараи Шоҳони Хуттал (н. Восеъ, Хатлон),
6. Қалъаи Ҳулбук (н. Восеъ, Хатлон),
7. Шаҳраки Золи Зард (н. Фархор, Хатлон),
8. Шаҳртеппа (н. Фархор, Хатлон),
9. Корвон-сарой Тоҳир (н. Фархор, Хатлон),
10. Хишттеппа (н. Ховалинг, Хатлон),
11. Дайри Буддоии Аҷинатеппа (н. Вахш, Хатлон),
12. Шаҳраки Ҳалевард - Кофирқалъа (н. Ҷ. Балхӣ, Хатлон).
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...