Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » РУШДИ СОҲИБКОРИИ ЗАНОН


РУШДИ СОҲИБКОРИИ ЗАНОН


Дар толори конфронсии тарабхонаи «Левакант»-и шаҳри Бохтар нишасти мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳия ва татбиқи барномаи ментории шогирдтайёркунӣ барои занони соҳибкор ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар зиёда аз 30 нафар занони соҳибкор, масъулони мақомоти дахлдори давлатӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимони соҳаи кишоварзӣ, коршиносон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Дар ҳамоиш, ки аз се қисмат иборат буд, асосан оид ба таҷрибаи «Мактаби устоду шогирд» дар минтақаҳои кишоварзӣ табодули назар карда шуд.

Дар сессияи якуми мизи мудаввар «Соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Чашма» Санавбар Имомназарова оид ба ҳадафу вазифаҳои лоиҳа сухан ронда, афзуд, ки лоиҳаи мазкур дар ҳудуди панҷ ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла навоҳии сарҳадии Шаҳритусу Ҳамадонии вилояти Хатлон татбиқ гардида, дар оянда фарогирии ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ пешбинӣ шудааст. Ин лоиҳа, тавре ки С. Имомназарова қайд намуд, омӯзиши намудҳои гуногуни соҳибкориро барои занону духтарони аз 18 то 35-солаи ноҳияҳои ҳадафӣ ба роҳ монда, роҳандозии коркарди меваю сабзавот, кишти зироати донагӣ, асалпарварӣ ва ғайраро пешбинӣ кардааст. 

Намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Меҳриннисо Холмуродова дар мавзӯи «Татбиқи барномаҳо оид ба дастгирии соҳибкории занон дар вилояти Хатлон» маърӯза кард. 

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти  соҳибкории онҳо дар соли 2016 - 29 нафар, соли 2017 - 30 нафар, соли 2018 - 31 нафар, соли 2019 - 31 нафар ва соли 2020 - 30 нафар занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои вилоят сазовори грантҳои мақсадноки президентӣ гардиданд. Инчунин, бо қарори раиси вилояти Хатлон тайи солҳои 2016-2020 105 нафар занон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон ба маблағи умумии 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ  гардиданд, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 1902 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 2576 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Дар нишасти мизи мудаввар, инчунин, бизнес-инкубатор аз шаҳри Бохтар Зарнигор Бегова дар мавзӯи “Рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот”, Махфират Саидраҳмонова дар мавзӯи “Ҷалби ҷавонзанон ба соҳибкорӣ, таҷрибаи Шаҳритус”, соҳибкори муваффақ Ҳусния Шоинова дар мавзӯи “Ҳунармандӣ – омили комёбии занон дар умури соҳибкорӣ”, намояндаи Ассосиатсияи соҳибкорони вилояти Хатлон Иброҳим Шарифов доир ба нақши технологияҳои инноватсионӣ дар бахши кишоварзӣ маърӯза карданд.

Дар нишасти мизи мудаввар коршиносон перомуни истифодаи методологияи менторӣ дар рушди соҳибкории бонувон ва дигар масъалаҳои актуалӣ табодули назару таҷриба карданд.

Ҳангомаи Исмат,

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода