БЕМОРХОНАИ НОҲИЯ СОҲИБИ ДАСТГОҲИ «СИПОП» ВА РЕНТГЕНИ РАҚАМӢ ГАРДИД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 23 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Тандурусти ва экология, Боздид 3 492
Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Кӯшониён аз 71 муассисаи тибби иборат буда, ба сокинон хизмат мерасонанд.
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 142 нафар духтур, аз ин шумора 60 нафар бо категорияи олӣ, 19 нафар бо категория якум, 32 нафар бо категорияи дуюм ва 828 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.
Беморхонаи марказӣ аз 7 шуъбаи бис-тарикунонӣ, як шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисиву ёрирасон иборат буда, дар ин давра 131 ҳазору 316 бемор муроҷиат намудааст.
Бо мақсади пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси навъи СОVID-19 дар ноҳия ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии вируси навъи СОVID-19 таъсис дода шуда, тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардида, аз тарафи масъулин мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз 445 кати дар ихтиёрбуда 153 адади он барои муолиҷаи гирифторони ин беморӣ омода гардидааст.
Тибқи ҳисоботи оморӣ хизматрасонии пулакии соҳаи тандурустӣ дар соли 2020-ум 757,9 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 10,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти “Бӯстонқалъа” аз тарафи соҳибкор Ҳамидов Бадриддин ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он аз моҳи ноябри соли равон ба кор шурӯъ намуда, ба сокинон хизмат мерасонад.
Аз ҳисоби соҳибкори дигар Имомов Ҷамшедбек дар маркази саломатии Ҷамоати деҳоти “Бохтариён” бунгоҳи саломатии “Остонкат” бо тамоми таҷҳизоти тиббиаш ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.
Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти “Заргар” бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Крупский бо тариқи ҳашар ба маблағи 17 ҳазору 310 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ин баробар, таъмири пурраи шуъбаи гӯшу гӯлуву бинӣ ба ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ, ҳуҷраи акси рентгенӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ таъмин гашта, бо таҷҳизоти тиббӣ, дастгоҳи рентгении рақамии беморхонагӣ “Диамонд 6А” бо принтер ва танзимкунандаи барқ-1 адад, дастгоҳи “Сипоп- 2” ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуд.
Маҳмадӣ ДАВЛАТЗОДА,
менеҷери бахши
госпиталии ноҳия
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04