Китоб - роҳнамои илму ирфон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 429
Китоб офтоби рӯзгорон, роҳнамои илму ирфон, сарчашмаи сухангустарию доноӣ ва армуғони аҳли фазлу адаб аст. Миллати мутамаддини тоҷик ба ҳамин диди муборак дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дорад.
Мусаллам аст, ки китоб шахсро донишманду фозил, дилогоҳу дардошно гардонида, инсонро аз амалҳои нопок, бадахлоқӣ ва эҳтиёҷмандию нотавонӣ раҳоӣ мебахшад.
Меҳру муҳаббати инсон аз хондани пайвастаи асарҳои бадеӣ ва шеъри оламгир тавсеа ёфта, дари бахту саодати ӯро ба зиндагии шоиставу арзанда боз менамояд. Хушбахттарин шахс он аст, ки китобро дар ҳаёт ҳамрозу ҳамнишини хеш дониста, бо ақлу заковати андӯхтаи худ тавонову соҳибиродат мешавад. Суханваре дар ин маврид хеле хуб фармудааст:
Бидон, сарчашмаи дониш китоб аст,
Ҷаҳонро шуълаафкан офтоб аст.
Зи он бо қувваи ақлу заковат,
Ниҳоди ҳар касеро инқилоб аст.
Ашхоси китобдӯсту сермутолиа муносибату нигоҳи худро ба ҳаёту зиндагӣ ба куллӣ дигаргун мекунад. Зеро чунки ба василаи ин гавҳари ноёб ҳисси хештаншиносӣ, ҷаҳонбинӣ ва эҳтирому арҷгузориро ба фарҳангу адаб дар қалбашон мунаввар мегардонад. Фазилату маънавиёти бадастомада тавассути ин ганҷи бепоён инсонро дар пайраҳаҳои рӯзгори пуртазод мададгориву роҳнамоӣ мекунад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки китобҳои ҷовидонаву пандуахлоқии ниёгони ибратомӯз дар тарбияи маънавию инсонгароии наслҳои имрӯза низ нақши муассир мегузорад.
Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён доштааст: “Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст”.
Боиси хушнудист, ки шеъри ҷонфизо ва осори ҳикматомӯз дар ниҳоди наслҳои ояндасоз умқи ҳикмату андарзи зиндагиро фурӯзон месозад. Зеро китоб дастовардҳои маънавӣ, маърифатӣ ва адабии миллатро дар дарозои таърих таҷассуму инъикос менамояд:
Фурӯғи миллати тоҷик китоб аст,
Дар ин оина аксаш бениқоб аст.
Ба пеши қисмату таъриху дунё,
Фурӯғи амри некаш беҳисоб аст.
Озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар чор соли охир дар ҷомеа таҳаввулоти бузургро ба вуқуъ овард. Ҳаводорони китобу адабиёт ва шеъру каломи бадеъ тадриҷан афзуда, муштариёну дӯстдорони ин дурдонаи безавол рӯ ба китобу китобхона қадамҳои уствор мегузоранд. Дар ин самт пуштибониву ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст.
Нашри панҷоҳҷилдаи “Ахтарони адаб” ва чопи теъдоди зиёди китобҳои адибони муосири тоҷик ташнагону дӯстдорони каломи бадеъро шодоб гардонида, ниёзи ҷомеаро
боз ҳам ба китоби бадеӣ меафзояд. Алъон нуфузу эътибори китоб дубора ба асли хеш баргашта, рушду такомули сиёсати китобдорӣ дар кишвари азизамон таъмин гардида истодааст.
Дар ҳақиқат, китобҳои арзандаву ҷовидонаи миллат ва асарҳои пурқимати умумибашарӣ арҷгузориро ба каломи безавол ва сухани воло парвариш дода, муносибати одамонро ба китобхонӣ мукаммалу пойдор менамояд.
Он ёр, ки хомӯшу сухангӯст, китоб аст,
Он кас, ки накухоҳу накухӯст, китоб аст.
Он дӯст, ки бе ранҷу таманнову таваққуъ,
Бошад ба ҷаҳон аз дилу ҷон дӯст, китоб аст.
Кунун ба китобхониву китобдӯстдорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад ва ба ин васила ҷавҳари инсондӯстию ватандӯстӣ ва тафаккури умумибашариро дар мағзу устухони наслҳои ҷавони ояндасоз ҷойгузин менамоем.
Сатҳи китобхониву фарҳанги китобдӯстдорӣ инсониятро аз гумроҳиву ҷаҳолат, хушунату нобоварӣ, бадбиниву бадахлоқӣ ва дигар амалҳои номатлуб ҳифз менамояд.
Дар ин радиф мо – омӯзгорону наслҳои калонсол, бояд барои хонандагону донишҷӯён ва аҳли китоб намунаи ибрату омӯзиш бошем, то онҳо ба китобхонаҳо робитаҳои ногусастаниву доимиро пайгирӣ намоянд. Роҷеъ ба андешаҳои фавқ шоири шинохтаи муосири тоҷик Алӣ Бобоҷон чунин гуфтааст:
Беҳтар зи китобхона ҷое набувад,
Хуштар зи китоб ошное набувад.
Дар даҳр барои рафъи амрози вуҷуд,
Монанди мутолиа давое набувад.
Моро зарур аст, ки дар партави амру ҳидоятҳои Сарвари давлат шавқу рағбати қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба сӯйи китобхона такомул бахшем ва онҳо аз сайри олами маънавию адаб бархӯрдор шаванд, то ин ки хешро аз гирдобу мушкилоти зиндагӣ раҳоӣ дода тавонанд.
Мушоҳидаҳо бозгӯйи он аст, ки дар сабқату донишварзии даврҳои якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” беҳтаринҳо пирӯзу муваффақ шудаанд. Бояд таъкид кард, ки сатҳи ташкилу баргузории давраҳои ташкилотию муассисавӣ, ноҳиявию шаҳрии ин озмун тибқи дастуру низомнома дар сатҳи баланду шаффоф роҳандозӣ ва амалӣ карда шуд.
Файзулло АБДУРАҲИМОВ,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...