ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР БОХТАР
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 23 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 138
Бо сарфарозӣ аз хизматҳои беназири сарбозону афсарони далеру шуҷои ватан ва ба истиқболи 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, собиқадорон ва як қатор кормандону роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Қабл аз ҳама, дар назди театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии вилоят дар тан либоси ҳарбӣ ливои Тоҷикистонро дар даст гирифта, қадам заданд.
Сипас, дар толори театр бо садо додани Суруди миллӣ ва ворид намудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода табрикоти раиси вилояти Хатлонро ба самъи иштирокдорон ва кулли сарбозони қисмҳои ҳарбӣ расонида, ҳамаи онҳоро ба ин муносибат самимона табрик намуд.
-Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои мавҷудият, агарчи ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардида бошанд ҳам, имрӯз мавқеи худро дар минтақа устувор нигоҳ дошта, ба як неруи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфтааст. Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои сарбозону афсарон таъмин гардидааст,- изҳор дошт Акрам Сулаймонзода.
Дар чорабинии бошукӯҳи идона як қатор раисони шаҳру ноҳияҳо, сарбозону афсарон ва кормандони сохторҳои низомии дар ҳудуди вилоят фаъ-олиятдошта, барои фаъолияти пурсамари худ дар ҳимояи марзу буми ватан ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни омма бо ифтихорнома, нишони сарисинагӣ ва туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар охир, аз ҷониби санъаткорони шаҳри Бохтар барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки табъи ҳозиринро болида гардонид.
Фирдавс УМАРОВ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04