ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 22 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 812
Саҳни театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз субҳи имрӯз хеле сер одам буд. Аксарияти мардуми ҷамъомада ба тан либосҳои низомӣ ба бар карда буданд. Қисмати дигар бошад бо чеҳраи идона ва либоси тоҷикона ҳузур доштанд. Ин ҳама баҳри сазовор истиқбол гирифтани чорабинӣ ба ифтихори 23-юми феврал, яъне Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Гурӯҳ гурӯҳи хонандагон қадамзанӣ карда, барои иштирок дар озмуне, ки ҳамасола ба ин муносибат доир мегардад, тамрин мекарданд.
Чорабинии мазкур бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Сулаймон, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ва дигар масъулон баргузор гардид. Пас аз қабули меҳмонон, садо додани оҳанги навозиши ансамбли овозӣ, қадамзаниву иҷро ҳаракатҳои низомии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дар толори театри болозикр чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар он муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам Сулаймон табрикоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба аҳли толор ва сарбозони шуҷои ватан расонид.
Чорабинии тантанавӣ бо пешниҳоди барномаи фарҳангии аҳли санъати вилояти Хатлон тақдим гардид.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04