Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҲИДОЯТГАРИ ИМРӮЗУ ФАРДО


ҲИДОЯТГАРИ ИМРӮЗУ ФАРДО


Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муайян кардани самти асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳамчунин, ба сифати ҳуҷҷати роҳнамо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ метавонад хизмат кунад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. 

«Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд», - омадааст дар Паёми Роҳбари давлат. 

Литсейи давлатии «Ориё-но»-и шаҳри Бохтар низ аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии типи нави замони истиқлол аст. Ҳайати омӯзгорони литсей фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замон роҳандозӣ намуда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат ҷиҳати тарбияи шогирдони хушсавод пайваста корбарӣ мекунанд. 

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Дар ин самт дар литсейи давлатии «Ориёно» низ нақшаи муайяни чорабиниҳо тартиб дода шуда, ба сифати дарсҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ диққати махсус дода мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳар сол хонандагони литсейи мо дар даврҳои вилоятиву ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз биология, химия, математика, информатика сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. 

Маъмурияти литсейи мо ҷиҳати таҷҳизонидани каби-нетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, аз ҷумла синфхонаи махсус барои гузаронидани таҷрибаҳои химиявӣ ташкил карда шудааст.

Коллективи омӯзгорон ва хонандагони литсей аз иқдоми навбатии Роҳбари давлат барои ташкили озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» фараҳмандона истиқбол намуданд. Зеро ин озмун барои боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон мусоидат менамояд.

Соли 2020 дар даврҳои мактабӣ, шаҳрӣ ва вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шумораи зиёди хонандагони литсейи давлатии «Ориёно» фаъолона ширкат варзида, ду нафар – Раҳмонқул Маъмурзода (хонандаи синфи 8) ва Ёсуман Олимова (хонандаи синфи 9) дар даври вилоятии озмун ҷойи дуюму сеюмро ишғол карданд ва дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмун сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. 

Мо кӯшиш мекунем, ки дар озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» низ шогирдону омӯзгорони литсей фаъолона иштирок намуда, донишу маҳорати хешро санҷанд ва дар оянда, барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд гузоранд.

Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз рӯйи интихоби худи ғолибони озмунҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул кардан, инчунин, ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо низ боиси рӯҳбаландии аҳли ҷомеа гардид.

Мо хуб медонем, ки ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Аз ин рӯ, коллективи омӯзгорони литсейи давлатии «Ориёно» минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дас-туру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, сармашқи кори худ қарор дода, раванди таълимро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монанд.

Гулҷаҳон Қосимзода, 

директори литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода