Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КИШТИ ОМЕХТАИ ҶУВОРИМАККА БО ЛАБЛАБУИ ҚАНД БАРОИ СИЛОС


КИШТИ ОМЕХТАИ ҶУВОРИМАККА БО ЛАБЛАБУИ ҚАНД БАРОИ СИЛОС


Ба мушкилиҳои гуногуни замони муосир ва офатҳои табииву омилҳои буҳронӣ ва антропегенӣ нигоҳ накарда, соҳаи кишоварзӣ, ҳамчун муҳимтарин бахши пешбарандаи иқтисодиёти кишварҳои минтақаи Осиё дар сатҳи заруриву устувор қарор дорад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаҳои муҳими сиёсати аграриро, ки дар бахши иқтисоди асосӣ арзёбӣ медорад, марҳила ба марҳила баррасӣ намуда мешавад. Дар ин замина, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва дар амал татбиқ намудани фармону супоришҳои Президенти кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати кишоварзии мамлакат чандин қарору барномаҳои гуногунро оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ қабул намудаанд, ки иҷроиши онҳо то имрӯз идома дорад.

 

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат то имрӯз дар кишварамон барномаҳои зиёде мавриди амал қарор дода шуда, дар ин росто Солҳои 2012-2020 давраи рушди соҳаи кишоварзӣ эълон гардида буд.

Дар ин давра якчанд барномаву ташаббусҳо дар самти рушди соҳаи рустанипарварӣ, ки якчанд бахшҳои алоҳидае ба мисоли зироаткорӣ, истеҳсоли хӯроки чорво, сабзавоткорӣ, полезипарварӣ, ғалладонагӣ ва гайраро дарбар мегирад, амалӣ гардидаанд, ки ин иқдомҳои мақсаднок дар рушду тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми ниҳоят муҳим гузоштаанд. 

Аз ҷумла,  ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани кишту парвариши хӯроки чорво мебояд ба хоҷагидорон омилҳои баланд  бардоштани ҳосилнокии хӯроки чорворо тавсия диҳем. Дар ин замина, ба кишоварзон тавсия дода мешавад, ки яке аз василаҳои ҳосилнокии ин маҳсулот кишти-омехтаи ҷуворимакка бо лаблабуи қанди серҳосилу маъмулии ему хошокӣ аст, ки ҳамчун зироати силосбоб ва техникӣ васеъ истифода буда мешавад. Зеро ҷуворимакка аҳамияти аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ва арзишнокӣ нисбат ба аксар зироатҳои хӯроки чорво беҳтар буда, дар таркиби он 12% - сафеда, 65-70% моддаҳои бенитрогени экстративӣ, 4-8% равған ва дигар витаминҳои пурбаҳо ба монанди С1 В1 В6 П1 Е ва ғайраҳо дошта, нисбат ба дигар намуди хӯрокҳои ему хошокӣ беҳамто аст. Дар як килограмм дони ҷуворимакка 78 гр протеини ҳазмшаванд, 1,34 воҳиди хӯрока дошта, дар 100 кг силоси он, ки ҳангоми ширагарию хамирӣ будани дон хобонида мешавад, ба 26 воҳиди хӯрока ва 1800 гр протеини ҳазмшаванда баробар аст. Аз тарафи дигар, ҷуворимакка нисбат ба дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҳосилнокии баландтар дошта, аз ҷумла, дар кишварамон тӯли фосилаи солҳои 1991 то 2001 –ум ҳосилнокии ин рустании серғизо аз 17,5 то 35,3-сентнерӣ расонида шудааст. 

Ҷуворимакка ба воситаи бод, ҳашарот ва худ гардолуд мешавад. Тибқи омӯзишҳои илмӣ вазни ҳазор дони ин маҳсулот вобаста ба навъҳо аз 100-150 гр то 300-400 граммро ташкил медиҳад. Ҷуворимакка рустании гармидӯст ва рӯшоноидӯст буда, тухмаш дар ҳарорати 7-8 С0 гармӣ неш мезанад. Барои инкишофи рустанӣ ҳарорати 25-30 С0 гармӣ мусоид буда, майсаи он дар ҳарорати 1-2 С0  сармо тобовар мебошад. Давраҳои обталаби он дар майдонҳои киштшуда 10-12 рӯз пеш аз баромадани ҷорӯбаки болои сутаи он оғоз шуда, ин давра то 20-25 рӯз идома меёбад. Дар ин давра намнокии хок бояд  70-75% таъмин бошад. 

Барои истеҳсоли маҳсулоти серғизои хӯрокворӣ аз ҷуворимакка ва лаблабу ин ду зироатро дар якҷоягӣ бояд кишт намуд. Меъёри кишти тухми ҷуворимакка ба ҳар гектар аз 25 то 30 кг ва тухмии лаблабуи қанд 20-22 кг-ро ташкил медиҳад. Ин ду зироат дар чуқурии 4-5 см кишт шуда, моҳияти кишти якҷояи онҳо дар он аст, ки ҳосили силосоварии ҷуворимакка ва лаблабу аз дигар зироатҳои барои хӯроки чорво зиёдтар буда, дар киштукори онҳо гузаронидани корҳои   чархмолу сихмолаккунӣ ва ҳамворкунии замин зарурат надорад. Барои дар як вақт аз як замин бардоштани ду ҳосил, яъне, ҷуворимакка ва лаблабуи қанд ҳамагӣ ду маротиба мулоим кардани қаторҳо ва ду маротиба додани ғизо аз зумраи нуриҳои нитрогендор ва фосфорӣ кифоя мебошад.  Аз таҷрибаҳои гузаронидашуда чунин бармеояд, ки барои ҳосили фаровон гирифтан, бояд   кишти омехтаи ҷуворимакка бо лаблабуи қандро вобаста аз иқлиму таркиби хоки заминҳо аз нимаи дуюми моҳи март то нимаи аввали моҳи апрел гузаронида шавад.

 

Алиқул Раҳмонов

 Гулмаҳмад Насриддинов, 

омӯзгорони колеҷи 

махсусгардонидашудаи 

шаҳри Бохтар

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода