Ёде аз адиби кайҳоншинос
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Хабарҳо, Боздид 1 262
Абдулвайси Азиз адибе буд, ки хислатҳои ба худ хос дошт. Истеъдоди фавқулодаи эҷодӣ доштанӣ ӯро аз ибтидо ҳамагон эҳсос мекарданд. Навиштаҳояш диққати хонандагонро ҷалб месохт ва онҳоро ба андешаҳои дур мебурд. Абдулвайси Азиз дар эҷодаш ҳодисаҳои зиндагиро бештар ба алоқамандии Замину Кайҳон медонист. Аз ин рӯ, баъзеҳо ӯро адиби кайҳоншинос ҳам меҳисобиданд.
Абдулвайси Азиз адибе буд, ки дар зиндагӣ канораҷӯиро дӯст медошт, аз ҳар гуна суҳбату вохӯриҳои номақбул худдорӣ менамуд. Таърифу тарғибашро тариқи шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ намехост. Барои ҳамин эҷодиёташ аз назари муҳаққиқон то андозае дур монд. Ӯ вақтҳои охир гӯшанишиниро ихтиёр дошт, имкон ёфта буд, ки беш аз 80 китобу китобчаҳои диққатҷалбкунанда эҷод намояд. Ин миқдор навиштаҷот барои ӯ ҳадди охир набуд. Зимни як суҳбат гуфта буд, ки агар умр бевафоӣ накунад, бойгониаш барои навиштани боз ҳамин қадар китоб мерасад.
Абдулвайси Азиз соли 1989 барои ҳикояҳову очеркҳои солҳои 60-ум ба табъ расондааш, маҷмӯаи нахустинаш «Сарбоз» (1984), қисса киноповестҳояш бо номи «Абдукарим», «Ҳаким» ва «Ғӯл» ва маҷмӯаи дуюмаш «Рӯҳи замин» (1989), ки қиссаҳои «Модар» ва «Ятимони сарбоз»-ро дар бар мегирад, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Баъдан алоқамандони эҷодаш бо ҳикояҳои хурди пандомӯзу ангораҳояш, ки чанде аз онҳо дар маҷмӯаҳои «Офтоби сарҷӯ» (1991), «Дили сарҷӯ» (1993), «Баҳо» (2000), «Забон» (2008)», «Ҷанг ва сулҳ» (2014), «Армуғонҳои ҷашнӣ» (2014) «Паёми ваҳдат» (2018), «Наврӯзи сайёра» (2018), «Сайёҳ» (2017) ва ғайраҳо гирд омадаанд, шиносоӣ пайдо намуданд.
Мутаассифона, бидуни ин дастовардҳо дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эҷоди пурарзишу сеҳрбаёни ин адиби хоксору шикастанафсро нодида гирифтанд.
Мазмуни асарҳои эҷодкардаи Абдулвайси Азизро муҳаррирону мураттибон дар муаррифиномаи ҳар китобаш ба таври хулоса шарҳ дода, диққати хонандагонро ба мутолиаи онҳо ҷалб сохтаанд. Масалан, китоби ӯ бо номи «Наврӯзи сайёра» чунин муаррифӣ шудааст: - «Абдулвайси Азиз Иди байналмилалии Наврӯзи оламафрӯзро ситоиш кард”, ёдовар мешавад, ки Наврӯз аз ибтидои пайдоиши баҳори замин, баробаршавии шабу рӯз, вале нобаробарии ҳаёти башар аст… Чун ҳама гуна бадӣ ва ҷангҳо абадан завол ёбанд, ба баробарии башар шароит фароҳам меояд…»
Шоир, ҳамчунин, дар рубоиёт ва дубайтиҳояш оид ба Кайҳон, Замин, Ватан, Модар, Забон, Миллат, Сада, Наврӯз, Меҳргон, Даҳ Соли Обнури Ҷаҳонӣ ва Нуртаронаҳои Роғуни Вахшобнур бо дастури илмиву фарҳангӣ бар рағми ҷангҳову фандҳо бо дилбастагиву ихлосмандӣ ва башардӯстӣ орзуҳояшро ба ҳама ошиқони Офтоби ҳаётбахши Сайёра, Чорунсур, се фасл, некиҳо, ваҳдонияти Ҳурмуздӣ ва тазодии онҳо ба сармо - бадиҳои Аҳриманӣ муъҷизаҳои сулҳу дӯстиро талқин кардааст.
Маҷмӯаи дигари шоир таҳти унвони «Сайёҳ», ки ба 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ба ҷашнвораҳои ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии сулҳу ваҳдат ба хотири гуфтугӯи тамаддунҳо бахшида шудааст, рисолаҳои ангоравии таърихӣ, ҳолӣ, илмӣ ва бадеии таълимию омӯзишӣ назаре доир ба замон, ҳаёт, эҷодиёт ва бахшоишҳо ба Абӯабдуллоҳи Рӯдакиянд. Дар ин асар ақидаҳои нависанда аз гузашта ба имрӯзу фардо бо василаҳои гуногун бо гуфтугӯйи тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба хотири рӯҳи поки гузаштагон, ҳамасрони Рӯдакӣ ва худи Маликушшуаро ба сӯйи афкори сармадӣ баён ёфтаанд.
Абдулвайси Азиз дар китоби дигари худ «Армуғонҳои ҷашнӣ» бахшида ба зодрӯзҳои 60-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таъсиси ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 90-солагии шаҳри Душанбе ва Иди Замин ангораҳо ва кӯчакфилмҳои таълимиву омӯзиширо манзури хонандагон гардонда, навиштааст: “ Ин ҳама ҷашнҳо бо дастгирии пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сулҳу ваҳдат дар кишварамон муяссар гардидааст. Пас биёед, дар Тоҷикистон доимо сулҳу салоҳ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро пойдор нигаҳ дорем».
Маҷмӯаи «Шеди ниёгон»-и шоир бошад, ангораҳои ӯро ҷиҳати таълимиву омӯзишии таърихӣ, бадеӣ ва фалсафӣ дар асоси гуфтугӯ ва мубодилаи тамаддунҳои Шарқ дар бар гирифта, иборат аз маҷмӯи мавҷудот, ҳаёт, муъҷизаҳои беҳамтои улуми ғуюби Офаридгори оламу одам мебошад ва ба хотири бандаҳои хокӣ нурборӣ дорад. Ба ақидаи ӯ инсонҳои асили Сайёра бо адолати кору эҷод ва ҳунару кошифӣ ба хушбахтии башарият бештар саҳмгузор мебошанд…
Ангораҳову чакомаҳои асар дар асоси асарҳои «Шоҳнома»-и Дақиқӣ, «Ёднома»-и Бобо Тоҳир, «Парвоз»-и Шайх Аттор, «Маснавӣ»-и Мавлонои Балхӣ, «Рамзҳои ориён», «Гиряи нур», «Чарх» ва «Толеъ» таҳия шуда, армуғонест ба хонандаи гиромиқадр.
Адиби ватанпарвару башардӯст дар китоби «Ҷанг ва сулҳ»-аш такя ба мазмуни баъзе достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва нигоришоти Сотим Улуғзода оид ба «Шоҳнома» (бо назардошти тамоми ҷангҳо) дар бораи сулҳу ваҳдат сухан ронда, ҷанг ва ҳама гуна норавоӣ ва бадиҳои имрӯзу ояндаи одамизодро, ки бештарашон ба ҷангҳо марбутанд, қатъиян (бо шоҳидии сабти таърихии талафот дар ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳон, ва тӯфону обхезиҳо, маҳкум намуда, онҳоро ҳамчун шариртарин сифатҳои мудҳиши сайёравӣ қаламдод кардааст.
Ҳамин тавр, адиби ангоранавис Абдулвайси Азиз адиби кӯтоҳбаён буда, дар навиштаҳояш якеро сад нею садро яке мегуфт. Ҳар як ангораи навиштаҳояш вазни очерку мақоларо дошт. Аз ҳама муҳимаш ақидаҳои фалсафиаш ҳайратовар буданд. Адиб ҳамаи мавҷудоти сайёраро дар алоқамандӣ бо кайҳон медонист ва андешаронӣ мекард. Барои ҳамин бисёриҳо ӯро бо душворфаҳмии навиштаҷоташ ва дар маҷмӯъ, эҷодиёташ дуруст дарк карда натавонистанд.
Ин адиби кайҳоншинос, бо нотавонбиниҳои замона тоб оварда, 82 сол умр дид. Умри бобаракати эҷодӣ ва як сол қабл аз бемории сактаи дил бо ҳаёт падруд гуфт.
Ёдаш ба хайр бод!
Шералӣ Яҳё, собиқадори матбуот
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
4-12-2021, 12:59
Шоир ва публитсисти шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муҳаррирони нашрияи «Сохтмони...