Фидоии ду халқи бародар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 888
Вохӯрии аввалини ман бо ин марди наҷиб моҳи апрели соли 2008 баргузор гардид. Дар коллеҷи тиббиёти шаҳри Ургут шаби эҷодии шоир Ӯлмас Ҷамол ташкил карда шуд. Дар ин ҷамъомад адабиётдӯстон, мухлисони шеъру ғазалҳои Ӯлмас Ҷамол ҳозир буданд. Ман дидам, ки ҳозирон ба дидори шоир муштоқ ва ташнаи ғазалҳои ӯ будаанд.
Худованд ба симои Ӯлмас Ҷамол донишмандӣ, покизагӣ, ширинзабонӣ, ростгӯию хоксориро муҷассам кардааст, ки ман гувоҳи он шудам. Шеърҳои шоирро ҳофизони машҳури Ӯзбекистону Тоҷикистон ба оҳанг дароварда, манзури мухлисон гардонидаанд. Шоир дар як шеъри ширу шакараш дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбекро тараннум карда мегӯяд:
Ӯзбегу тоҷик элим тоҷи сари якдигаранд,
Ду азиз фарзанди як мулку падар, ҳам модаранд.
Ул бири олтин узукдир, ҳам жавоҳир кӯз бири,
Бингарӣ, пайванди як обу гилу як гавҳаранд.
Ҳазрати Жомий, Навоий-меҳрининг сарчашмаси,
Дар сухангӯӣ тавоноянду бас афсунгаранд.
Не балолар бошидан довру солиб ӯтганда ҳам,
Дӯстиро ҳамчу ганҷи бебаҳо мепарваранд.
Эътиқод, меҳру вафо бобида ғоят беназир,
Дар самои маърифат ҳар ду дурахшон ахтаранд.
Оқибат байроғини дӯстим қӯлингдан бермагил,
Ин ливоро то ҷаҳон боқист, бо ҳам мебаранд.
Ман аминам, ки ин сатрҳоро тоҷикон ҳам, ӯзбекон ҳам як зайл мефаҳманд.
Ӯлмас Ҷамол 17-уми майи соли 1934 дар шаҳри Ургут таваллуд шудааст. Солҳои бачагиаш дар кӯчаҳои Ургут гузаштааст. Соли 1947 оилаи Ӯлмасака ба шаҳри Душанбе кӯч мебандад ва ҳаёти баъдинаи ӯ дар Тоҷикистон мегузарад. Таҳсили мактабро дар Душанбе ба забони тоҷикӣ давом медиҳад. Баъди хатми мактаб соли 1956 ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Соли 1961 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм карда, аввал муаллим, баъд дар шуъбаи маорифи ноҳияи Регар (ҳоло Турсунзода) мутахассис шуда кор кард. Баъдтар ба Душанбе баргашта, чанд муддат дар радиои тоҷик муҳаррири шуъбаи ӯзбекӣ буд.
Аз соли 1964 то охири умр дар рӯзномаи “Халқ овози” пурсамар меҳнату эҷод кард. Аз вазифаи ходими адабӣ то ба вазифаи ҷонишини сармуҳаррир кор кард.
Дар нашрияҳои Душанбею Тошканд бисёр маҷмӯаи шеъру ғазалу ҳикояҳояш чоп шудаанд.
Соли 2004 дар нашриёти “Янги аср авлоди”-и Тошканд “Масрур” ва “Сурур” ном ду девони Ӯлмас Ҷамол аз чоп баромад. Ӯ ба назари халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамчун ситораи дурахшон намоён гашт, ҳурмат ёфт. Сазовори унвони “Журналисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дониста шуд. Ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён соли 1999 Ӯлмас Ҷамолро бо ордени “Дӯстӣ” мукофотониданд. Фарзанди арҷманди халқҳои ӯзбеку тоҷик, шоири ғазалсаро, устоди дӯстдоштаи аҳли адаб Ӯлмас Ҷамолро халқҳои бародари тоҷику ӯзбек ниҳоят дӯст медоранд.
Эҷодкори пурғайрат ва фидоии ду халқи бародар дар ҳаёт ва фаъолияти эҷодиаш таърихи ду халқи бузург ӯзбекону тоҷикон, бахту саодат, меҳру муҳаббат, дӯстию бародарии онҳоро ба қалам гирифтааст.
Моҳи июни соли 2017 Ӯлмас Ҷамол дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард. Аз вай шеъру ғазалҳои равону пурмаъно боқӣ монданд, ки ба дили ихлосмандонаш таскин медиҳад. Зеро умри эҷодкор дар асарҳои офаридааш абадӣ боқӣ мемонад.
Аз идора: Соли 2021 яке аз кӯчаҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба номи Ӯлмас Ҷамол гузошта шудааст.Камолиддин РАҶАБҚУЛОВ, ҷонишини директори мактаби рақами
49-и ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд оид ба корҳои маънавию маърифатӣ
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
4-12-2021, 12:59
Шоир ва публитсисти шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муҳаррирони нашрияи «Сохтмони...