Рӯ ба пешрафт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 014
То соли 2025 дар кишварамон 80 млрд.квт. соат неруи барқ бояд истеҳсол карда шавад, ки аз ин 50 млрд. квт соат ба хориҷа интиқол меёбад.
Рушди энергетика дар кишвар барои нигоҳдории устувории иқтисодиёти давлат, афзоиши неруи содиротии кишвар мусоидат карда, Тоҷикистонро метавонад дар арсаи байналмилалӣ ба яке аз давлатҳои азими содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил диҳад.
Дар асоси ташаббусҳои созанда амалӣ шудани объектҳои бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон боиси ба миён овардани шароити созгор ва сиёсати рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат имконпазир мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ-истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Дар давраи 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ иншооти калонтарин - агрегати якум ва дуюми нБО “Роғун”, НБО “Сангтӯда-1” бо иқтидори 670 мВт, НБО “Сангтӯда-2” бо иқтидори 220 мВт, маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва 1 бо иқтидори 400 мВт, хатти интиқоли барқии 500 кВт “ҶанубШимол”, хатти интиқоли барқии 220 кВт Тоҷикистону Афғонистон сохта ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо иқтидори истеҳсолӣ ва имконияти содиротии мамлакат зиёд шуда, васеъ шудани инфрасохтори интиқоли барқ барои иқтисодиёту иҷтимоиёт имкониятҳои навро фаро оварда, некуаҳволии мардум ва дастрасӣ ба барқро беҳтар гардонд.
Дастовардҳои соҳаи энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ бо татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва сохтмони НБО “Роғун” боз ҳам назаррас хоҳад гардид ва дар ояндаи наздик соҳаи энергетикаи кишвар рушд ёфта, иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пурра ҳал мешавад.
16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми НБО “Роғун”-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.
Иқтидори солонаи гидроэнергетикии дарёҳои Тоҷикистон ба 527 миллиард кВт/ соат мерасад ва аз ин ҳисоб кишвар метавонад солона садҳо миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Ба истеҳсоли неруи барқи обӣ, ки Тоҷикистон барои ин имкониятҳои бузург дорад, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо назардошти ин, Ҳукумати кишвар мунтазам кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои “Таҷдиду азнавсозии НБО “Варзоб-1”, “Таҷдиду азнавсозии гидроагрегати №4 НБО “Сарбанд” ва иваз намудани дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 кВт дар НБО “Норак” ба маблағи умумии 350 миллион сомонӣ ба анҷом расида, иншооти болозикр ба истифода дода шуданд.
Маҳмадамин Маҳмадсаидзода,
сармуҳандиси НБО “Норак” ба номи Т. Улҷабоев