Се соли нумӯъ ва болидагӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Хабарҳо, Боздид 1 202
Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар саросари мамлакат, бахусус, дар вилояти Хатлон соҳаҳои мазкур ба таври назаррас рушд намуда, дар се сол тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гардиданд. Вобаста ба се самт - деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи махсус тарҳрезӣ карда шуда, амалан татбиқ гардид, ки дар қ иёс ба се сол қабл дар ин росто қадамҳои устувор гузошта шудааст.
Дар ин давра ба рушди деҳот диққати махсус равона гардида, ба тозагиву ободонӣ, кабудизоркунӣ, сохтмону азнавсозии иншооти муҳим дар маҳаллаву деҳотҷойҳо имкони мусоид фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон, дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонӣ ва муайян намудани деҳоти беҳтарин озмун миёни 1569 деҳа, 155 шаҳраку деҳот гузаронида шуда, беҳтаринҳо аз тарафи мақомоти маҳал қадрдонӣ гардиданд.
Дар давоми се соли сипаригардида, аксари иншооти муҳим дар сатҳи маҳал бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони кумита ва вазирони сохторҳои марбута ва раисони шаҳру навоҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бахусус, дар шаҳру ноҳиҳои вилояти Хатлон давоми се сол ҳазорҳо муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноату сайёҳӣ ба истифода дода шуданд, ки барои истиқоматкунандагони маҳал зарурӣ маҳсуб меёбанд.
Ёдовар гардидан бамаврид аст, ки соли равон бо иштироки Роҳбари давлат дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб даҳҳо чунин иншоотҳо кушода шуданд. Аз он ҷумла, санаи 16 июни соли ҷорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара боғи фарҳангӣфароғатии “Симурғ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салимов Ромиш дар масоҳати 7 гектар, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд карда шудааст. Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ду майдончаи варзишӣ барои футбол, волейбол, нуқтаҳои махсус барои теннис, майдончаи бозии кӯдакон ва наврасон, маркази ҷавонон, қаҳвахона, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, ҳавзҳои шиноварӣ барои наврасону калонсолон, ҳавзи моҳипарварӣ ва барои доир намудани барномаҳои фарҳангӣ нуқтаи махсус сохта шуда, баҳри истироҳату фароғати кӯдакон 12 атраксиони замонавӣ насб гардидааст.
Ба ҳамин монанд, санаи 26 марти соли равон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Акнун бо бунёди чунин маркази муосири тиббӣ 58 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Инчунин, дар доираи сафарҳои корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон корхонаи “Асали Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи коркарди асал дар як сол иқтидори коркарди 200 тонна асалро дошта, бо таҷҳизоти насли нав ва технологияи муосир ҷиҳозонида шудааст.
Илова бар ин, санаи 21 октябри соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоӣ, саноатӣ ва мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро ба истифода доданд. Иншооти мазкур бо шакл ва тарҳи ҷолиб бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Муассиса имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯро дорад.
ПЕШРАФТИ СОҲАИСАЙЁҲӢ ДАР СОЛ ҲОИ 2019 - 2021
Тоҷикистон худ давлати сайёҳист ва бо кӯҳҳои сарбафалаку манзараҳои дилфиреб, зиёратгоҳу мавзеъҳои таърихияш дили ҳамагонро тасхир намуда, беҳтарин кишвари диданиро мемонад. Аз ин лиҳоз, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зина ба зина ҷалб ва воридшавии сайёҳон ба Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳод. Аммо соҳои пешин барои қабули сайёҳони зиёд на он қадар шароитҳо қонеъкунанда буданд ва дар сатҳи маҳал ба пуррагӣ ба қабули сайёҳон омодагӣ мувофиқи матлаб набуд. Ин ҳамаро ба инобат гирифта Роҳбари давлат солҳои 2019-2021- ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Ҳамин тавр, дар се сол соҳаи сайёҳӣ дучанд рушд кард ва барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити беҳтар муҳайё гардид, инчунин, тамоми мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ азнавсозӣ карда шуданд.
-Дар ҳар 50 километри шоҳроҳҳои самти мавзеъҳои сайёҳӣ барои сайёҳон шароит муҳайё гардидааст, - гуфт зимни суҳбат бо мо Дилшод Шоҳзода, мудири шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон. - Бахусус, барои меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ сохтмони таваққуфгоҳҳо бо фарогирии хӯроки тезтайёр, ташноб, дорухона, шустушӯйгоҳ, ҷои истироҳат ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шафати роҳҳо, аз ҷумла дар шоҳроҳҳои Норак - Ваҳдат, Данғара - Кӯлоб - Хоруғ, Данғара - Норак, Восеъ - Данғара, Бохтар - Хуросон ва Бохтар - Балхӣ - Ҷайҳун - Панҷ ташкил гардида, ба таври доимӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд. Инчунин, хатсайрҳои сайёҳии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ташкил карда шуд, ки бо истифода аз он тамоми мавзеъҳои диданӣ, ҷойҳои таърихию зиёратгоҳҳо, манзараҳои тамошобобро дидан мумкин мебошад.
Барои беҳтар намудани шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Норак дар ду соҳили рӯди Вахш истироҳатгоҳҳои мавсимӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст. Дар ҳамин шакл, 100 адад истироҳатгоҳҳои замонавӣ, ба мисли “Somon Palas”, “Лаби дарё”, “Ҳурмати ҷаҳон”, ки сайёҳонро ҳамарӯза дар фасли тобистон қабул менамоянд, фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии «Сайёҳон» ба истифода дода шуд. Ин меҳмонхона маҳз бо ба инобат гирифтани қабули сайёҳони хориҷӣ омода гардида, беҳтарин шароитро доро мебошад.
Дар ҳудуди шаҳри Левакант дар назди соҳили хушманзара ва хушбоду ҳавои дарёи Вахш, ки маконҳои зебо ва табиати диққатҷалбкунанда дорад, 5 мавзеи истироҳатии мавсимӣ (ҳостел) бо тамоми шароит сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ омода мебошанд.
Ҳамзамон, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маркази хизматрасонии “Замира” ба истифода дода шуд. Тарабхонаи “Замира” аз 150 ҷойи нишаст иборат буда, меҳмонхона барои 25 нафар пешбинӣ гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди маркази бисёрсамтаи “Замира”, дар маҷмӯъ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, кормандони марказ пеш аз оғози кор аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаштаанд. Инчунин, дар шаҳри Кӯлоб меҳмонхона, маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона” аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, ки аз 6 ҳуҷра иборат мебошад.
Дар мавзеи “Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо мақсади қонеъ намудани талаботи сайёҳон базаи туристӣ, меҳмонхонаҳо, “Ҳомстей” ва “Гестхаус” ташкил карда шудааст.
Инчунин, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ як адад меҳмонхона дар ноҳияи Темурмалик ва се адад меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Данғара, ки ду адад дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез ва як ададаш дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии деҳоти Себис-тон сохта ба истифода дода шудааст.
Ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои сайёҳии вилоят дар гузаргоҳҳои сарҳадии “Панҷи поён”-и ноҳияи Ҷайҳун, “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус, Фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва дар қисман шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон марказ ва нуқтаҳои иттилоотии сайёҳӣ ташкил гардидааст, ки харитаи сайёҳии вилояти Хатлон бо забони англисӣ омода гардида, насб карда шудааст.
Ба рушди саёҳати дохилӣ низ таваҷҷуҳи махсус равона гардида, 31 маротиба саёҳати муташаккилонаи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонон бо фарогирии зиёда аз 4800 нафар ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он ташкил карда шуданд. 35 семинар-машварат дар самти сайёҳӣ бо фарогирии зиёда аз 4000 нафар баргузор карда, беш аз 3800 адад маводҳои тарғиботӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон паҳн карда шудааст, ки дар рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар умум, ба ҳамаи самтҳои сайёҳӣ тибқи нақшаи сесолаи тарҳрезигардидаи соҳа диққати махсус дода шуда, он мувофиқи матлаб иҷро карда шуд. Бо иҷроиши нақшаи сесолаи соҳаи сайёҳӣ барои чун кишвари сайёҳӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон як қадами дигари устувор гузошта шуд.
СЕ СОЛ И ҚАДАМҲОИ УСТУВО Р БА СӮЙИ ЭҲЁ ВА РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Боиси хушнудист, ки эълоншавии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар пешрафти чашмраси ҳунарҳои мардумӣ мусоидат кард. Зеро дар ин давра аз ҳарсола дида бештар барои фаъолияти ҳунармандон шароит муҳайё гардид ва барои намоишу фурӯши маҳсули дастранҷи ҳунармандон шароит муҳайё гардид. Инчунин, марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуд, ки дар рушди ҳунарҳои мардумӣ бо хубӣ таъсиррасон мебошанд. Яъне аксарияти ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида, такмил дода мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаҳон чакани кӯлобӣ, ҷӯроби бадахшонӣ, ҷомаи суғдӣ ва дигар ҳунарҳои миллии мо дар музоядаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба савдо гузошта шуда, қимати баландро соҳиб аст. Дар Парижу Лондон, Ню-Йорку Токио, Россия ва Чин ҳунарҳои мардумии миллати мо ба маърази намоиш гузошта шуда, миллионҳо муштоқони хешро пайдо кардаанд. Бо ташаббуси Пешвои миллат на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳои ҷаҳон ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ ва пешниҳоди завқмандон карда шуд.
Бо мақсади роҳандозӣ намудани тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону духтарон ба корҳои хонагӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 32 адад марказҳои чакандӯзӣ ва ҳунармандӣ ташкил карда шуд. Дар ин маврид 2720 нафар занону духтарон ба ин марказҳо ба сифати ҳунармандони чакандӯз ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардиданд. Дар ҳудуди вилоят 1910 нафар ҳунармандони чакандӯз мавҷуд буда, фаъолияташон ба рушди ин ҳунари мардумӣ мусоидат мекунад. Инчунин, ин ҳунарро ба 7250 нафар духтарон омӯзонида истодаанд.
Ғайр аз ин, дар фаъолияти аксарияти муассисаҳои касбу ҳунаромӯзии давлатӣ ихтисоси ҳунарҳои мардумӣ ба монанди дӯзандагӣ, қолинбофӣ, пазандагӣ, адрасбофӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, попурзанӣ, кашидадӯзӣ ва амсоли ин ташкил карда шуданд. Ҳоло 4580 нафар занону ҷавондухтарон пас аз хатми чунин курсҳои омӯзишӣ ҳунарҳои мардумиро аз худ намуда, бо шаҳодатнома таъмин гардида, фаъолиятро дар шаклҳои гуногун идома дода истодаанд.
Озмунҳои гуногун бо мақсади иҷрои “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2021” амсоли “Сад ранги чакан”, “Чакомаи гесу”, “Ҳунар беҳтар аз зар бувад...”, “Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ...”, “Дастархонороӣ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Иди сада”, “Ҷилваи рангҳо”, “Хӯришҳои миллӣ ва муосир” ва маҳфили “Рӯзғордорӣ”, “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” ва ғайраҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пайдо намудани беҳтарин ҳунармандон доир гардиданд.
Дар давраи се соли сипаригардида бароифаъолияти оянда заминаи воқеӣ гузошта шуд, ки бо анҷом расидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фаъолият дар самти ҳунарҳои мардумӣ вусъат хоҳад ёфт.
Суҳроб Азиззода ,
Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»