Ифтитоҳи бинои маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 916
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзоро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав дар доираи нақша - чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони Кооперативи истеҳсолии “Нигини Сулаймон” дар асоси талаботи муосир бо сифати баланд ба анҷом расонда шудааст.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои хуштарҳи маъмурӣ 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Бинои маъмурии ҷамоати деҳот аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 1600 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва замини зери иншоот 300 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Иншоот дорои 11 ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои кормандони ҷамоат тамоми шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ ба 9750 нафар аҳолии ин деҳот муҳайё гардидааст.
Тамоми ҳуҷраҳои бинои маъмурӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз карда шуда, барои дохил шудани ашхоси дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ба бино роҳрави алоҳида мавҷуд мебошад.
Маҷлисгоҳи бинои нави маъмурӣ бо 80 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногун шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Бинои маъмурии деҳоти Ғаффор Мирзо дар асоси дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити муосири кору фаъолият барои кормандони мақомоти маҳал ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинони деҳоти дурдаст бунёд гардидааст.
Атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ сафолакпуш гардида, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.
http://president.tj/