Зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 1 502
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуда, барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.
Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна аз 400 то 500 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.
Тавре таъкид гардид, ҳудуди Мамнуъгоҳ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардонида шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Феълан дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 6 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фуруши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ мавҷуд буда, 9 хатсайри сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудаанд.
Дар меҳмонхона ва хостелҳои ноҳияи Ховалинг имкони қабули то 500 нафар меҳмон мавҷуд аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва корнамоиҳои шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ соли 2006 мақбараи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ бунёд карда шуд.http://president.tj/