Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 893
Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Парчами давлатии Тоҷикистонро парафшон намуданд.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Фирдавс Муродов амалӣ карда шуда, мақсад аз гузоштани Парчами давлатӣ ва бунёди як гулгашти хуштарҳу замонавӣ дар ин деҳа тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон мебошад.
Деҳоти Сари Хосор аз зумраи минтақаҳои назаррабои сайёҳии Тоҷикистон буда, табиати биҳиштосои ин гӯшаи бостонии мамлакат воситаи ҷалби теъдоди зиёди сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷиву дохилӣ дониста мешавад.
Ташаббуси бунёди Майдони Парчами давлатӣ дар деҳаи Шайдон дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, корҳои пудратиро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аслиддин-13” бо сифати баланд анҷом додаанд.
Сутунпояи Парчами давлатӣ дар деҳаи Шайдон 25 метр буда, паҳноии матои Парчам 7 ва дарозии он 14 метр аст.
Арзиши умумии иншоот қариб 300 ҳазор сомониро ташкил дода, масоҳати қитъаи замини ҷудошуда 10 садяк мебошад.
Парафшон сохтани Парчами давлатӣ дар ин минтақаи дурдасти мамлакат нишонаи арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои давлатдорӣ буда, садоқати сокинонро нисбат ба Ватан-Модар собит месозад. Зимнан бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Майдони Парчами давлатӣ, дар деҳаи Шайдон барои бошандагон макони ҷолиби дигар барои фароғату истироҳат ва гузаронидани ҳамоишҳои гуногуни оммавӣ пайдо шуд.
http://president.tj/