Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хатлон. Беш аз 30 ҳазор нафар дар роҳпаймоии осоишта иштирок намуданд


Хатлон. Беш аз 30 ҳазор нафар дар роҳпаймоии осоишта иштирок намуданд




Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, баргузор гардид. Дар роҳпаймоии осоишта зиёда аз 30 ҳазор кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, идораву ташкилот, муассисаю корхонаҳои давлатию ҷамъиятӣ ширкат намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тамоми мардуми шарифу тамаддунофари вилояти Хатлонро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси умумимиллӣ – сиюмин солгарди истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, баргузор гардидани роҳпаймоии осоиштаро нишонаи пойдории сулҳу субот, ва таъмини амнияти шаҳрвандон унвон намуд.

- Роҳпаймоӣ худ нишонаи иттиҳодию иттифоқӣ, сарҷамъию хушбахтии мардумро ифода карда, бо як нишоти бепоён, рақсу бозӣ гузаштан аз майдон башорат аз зиндагии шоиставу арзандаи сокинон аст, - таъкид намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. - Истиқлолият ва озодӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид ва мо дар зарфи 30 сол бо шарофати заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем.

Раиси вилоят афзуд, ки имрӯз бо қаноатмандӣ аз пешравиҳои вилояти Хатлон ва тараққиёти бонизоми иқтисодиёт метавон ёдовар гардид, ки мардуми шарафманди вилоят давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намуд.

Дар идома раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода аз вазъи мураккаби минтақа нигаронӣ карда, афзуд: “Баҳри ҳимояи Истиқлолият, устувории иқтисодиёт, суботи сиёсӣ, низоми қонунияту давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат ҳамаҷониба омода бошем. Ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!”

- Пешвои тоҷикони ҷаҳон иброз доштанд, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад, - таъкид дошт раиси вилоят. - Бинобар ин, Сарвари давлат мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон доштанд, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем.

Қурбон Ҳакимзода дар идомаи суханрониаш гуфт: “Бо дарназардошти ин вазъи мураккабу зудтағйирёбанда, мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон - истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем”.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, садҳо корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд. Бунёди иншооти бисёрошёнаи замонавӣ, коргоҳу корхонаҳо, роҳҳо ва пулҳо, марказҳои таълимию тиббӣ, фарҳангӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн, ҳаммому нуқтаҳои касбомӯзӣ барои тамоми табақаи ҷомеа ба фаъолият оғоз намуда, шароити муносиби хизматрасонӣ дар маҳал фароҳам оварда шуда, мутахассисон соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардидаанд.

Фаромӯз Бобоев,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода