Балҷувон. Иншооти нав дар арафаи ҷашн
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 943
Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи баландкӯҳи Балҷувон якчанд иншооти ба нақша гирифташуда ба истифода дода шуд. Бояд гуфт, ки дар самти ободонии маҳал саҳми соҳибкорон зиёд аст.
Бо иқдоми онҳо дар маркази ноҳия 5 сехи хурди саноатӣ ба истифода дода шуд. Бо ба кор даромадани сехҳои мазкур 25 нафар сокинони маҳал соҳиби ҷойи кор гардиданд. Сокинони ноҳия акнун метавонанд аз сехҳои сементблокбарорӣ, тӯрбофӣ (сетка), пахтатозакунӣ, харротӣ истифода намоянд. Ҳамчунин, дар маркази ноҳия нуқтаи фурӯши сӯзишвории газу бензин ба истифода дода шуд. Иншооти нав бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташаббуси соҳибкор Ҷумъахон Исматов сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим бошад, бинои мактаби №35 сохта, ба истифода дода шуд. Бинои мактаб аз 10 синфхона ва кабинетҳои фаннию корӣ иборат буда, барои 400 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Бинои мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.
Сохтмони дигар иншоотҳои ҷашнӣ бо суръат идома дошта, то рӯзи ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.
Рӯзигул ҚУРБОНОВА,
мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Балҷувон