Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 14 оилаи дигари аз офат зарардида соҳиби хонаи нав шуданд


14 оилаи дигари аз офат зарардида соҳиби хонаи нав шуданд



Дирӯз, 19-уми август, бо ҳузури муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ калиди 14 манзили навбунёд ба соҳибонашон, ки бар асари офати табиии моҳи майи имсол бехона монда буданд, дар вазъи тантанавӣ супурда шуд.

Бунёди шаҳраки нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати кутоҳ амалӣ гардида, сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти "Навобод" бо манзилҳои замонавӣ ва тамоми ҷиҳози рӯзгор таъмин шудаанд. Салимзода Амонуло аз иқдомҳои Сарвари давлат бобати зуд бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, таъмини сокинон бо масолеҳи сотмонӣ ва маводи ғизоию гигиенӣ ҳарф зада, афзуд, ки новобаста аз буҳрони иқтисодӣ, сокинони зарардида бо хонаҳои наву замонавӣ таъмин шуданд.
 
"Шароити манзилҳо, рангу бор, интихоби масолеҳи сотмонӣ хуб ва олӣ истифода шудааст, ки симои хонаҳоро зеб мебахшад. Ин гуна манзилҳо низ дар ноҳияи Вахшу шаҳри Кӯлоб ба зарардидагон дода мешавад", - қайд кард муовини якуми раиси вилоят.
 
Барфак Давлатоваи нафақахӯр, ки соҳиби хонаи нав шуд, шоду масрур аст. Зеро хонаи қаблиаш куҳнаю фарсуда буд. Вай гуфт, ки ин манзилҳо сад маротиба аз пешина авлотаранд.
 
"Соҳиби хонаву дар шудем, фарзандону наберагон дар фазои хуб тарбия меёбанд. Шукри Худо, ки ба мо подшоҳеро дод, ки ғамхори миллаташ аст", - афзуд Б. Давлатова.
 
Зимнан, сокинони ин мавзеъ бо маводи ғизоии яквақта таъмин шуданд ва корҳои таъмирии кӯчаҳои маҳаллаи навбунёд идома дорад.
 
Манучеҳр Ҳасанов

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода