Ғолибони озмуни «Ободгари Ватан» муайян гардиданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 055
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як зумра соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар бунёди бино ва иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, аз тарафи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҷоизаи “Ободгари Ватан” ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Соҳибкорони маҳаллӣ Самизода Фаррух - барои бунёди “Коллеҷи тиббӣиҷтимоӣ”-и 7-ошёна дар деҳаи Хуррамзамин Ҷамоати деҳоти “Корез”-и ноҳияи Данғара, Салимов Ромиш - барои бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, Саидзода Раҳимҷон - барои бунёди муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар деҳаи Ғиҷоваки Ҷамоати деҳоти “Пушинг”-и ноҳияи Данғара, Тилабов Хуҷаназар - барои бунёди толори варзишии 2-ошёна ва майдончаи варзишии универсалӣ дар деҳаи Нурбахши Ҷамоати деҳоти “Лолазор”-и ноҳияи Данғара, Раҳимов Алишер - барои бунёди маркази савдою хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, Ханаев Тоир — барои бунёди таваллудхона барои 10 кат, майдончаи варзишӣ ва 2 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №61- и деҳаи Ваҳдати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон, Давлатов Гулмаҳмад - барои бунёди сехи дӯзандагӣ, майдончаи варзишӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, дорухона ва дукони гӯштфурӯшӣ дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён, Атовуллоев Мустафо - барои бунёди меҳмонхона, қаҳвахона, толори саққобозӣ, маркази дилхушии кӯдакона, маркази хизматрасонии техникӣ ва мағоза дар Ҷамоати “Золи Зар”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, Нозимов Олимхӯҷа - барои бунёди маркази савдо ва меҳмонхона дар Ҷамоати шаҳраки “Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, Назриев Шаҳриёр - барои бунёди хона-музейи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Назриев дар ноҳияи Ховалинг, Қосимов Фурқат - барои мумфарш намудани роҳи маҳаллаи Ғайрат ва саҳми арзанда дар корҳои ободонию созандагии шаҳри Бохтар бо ҷоизаи “Ободгари Ватан” ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Н. Маъмурзода, “Хатлон”