Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Наврӯз – ҷашни бостонии ҳамбастагӣ ва эҳё


Наврӯз – ҷашни бостонии ҳамбастагӣ ва эҳё




Наврӯз яке аз қадимтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳои  миллии  халқҳои  форсизабон,  аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб рафта, ҷузъи муҳими фарҳанг,  худшиносии  миллии  тоҷикон  ва  дигар  халқҳои  форсизабон  мебошад.  Он  рамзи эҳёи  табиат,  сулҳ,  шодӣ  ва  пирӯзии  некӣ  бар бадист.

 Калимаи «Наврӯз» аз ду қисм «нав» ва «рӯз» иборат буда, маънои «рӯзи нав»-ро дорад. Ин вожа аз забони паҳлавии қадим бармеояд, ки дар он ҷо ба шакли «нук руҷ»  ё  «нуг  рӯз»  талаффуз  мешуд.  Мувофиқи  тақвими офтобӣ,  ки  аз  ҷониби  халқҳои  эронӣ  ҳазорон  сол  қабл таҳия шудааст, Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз (20 ё 21-уми март) ҷашн гирифта мешавад. Ин лаҳзаест, ки  табиат  аз  хоби  зимистонӣ  бедор  шуда,  баҳор  фаро мерасад.

Таърихшиносон таъкид мекунанд, ки Наврӯз таърихи  зиёда  аз  сеҳазорсола  дошта,  бо  номи  подшоҳи  бузурги  форс  Ҷамшед  иртибот  дорад.  Бино  ба  ривоятҳо, Ҷамшед  пас  аз  расидан  ба  Озарбойҷон  фармон  дод, ки тахте аз тилло ва ҷавоҳирот омода созанд. Вақте ки офтоб ба тахти ӯ бархӯрд, рӯшноии он тамоми атрофро фаро гирифт. Мардум ҳайратзада ин рӯзро ба шарафи ӯ «Рӯзи нав» номиданд. Ҷамшед бошад, онро иди расмии мардум эълон карда, супориш дод, то ҳамасола ин ҷашнро бо шукӯҳ таҷлил намоянд.

Дар тӯли таърих Наврӯз борҳо мавриди тағйирот ва таъсиргузориҳои  динӣ  (баъд  аз  паҳншавии  ислом  дар сарзаминҳои  форсизабон,  баъзе  унсурҳои  ҷашнгирии Наврӯз бо арзишҳои исломӣ мутобиқ карда шуданд. Дар айни замон, он ҳамчун як ҷашни миллӣ ҳифз гардид ва баъзе  уламои  ислом  онро  дастгирӣ  намуданд),  сиёсӣ (дар замони шуравӣ Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ расман манъ карда шуда, мардум онро пинҳонӣ таҷлил мекарданд ва танҳо баъд аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон, Наврӯз бо шукӯҳ эҳё гардида,  ба  сатҳи  байналмилалӣ  бароварда  шуд)  ва фарҳангӣ  (таҷлили  Наврӯз  бо  унсурҳои  нав  ғанӣ  гардонида  шуд,  аз  ҷумла  консерту  намоишгоҳҳо,  бозиҳои варзишӣ ва чорабиниҳои оммавӣ, ки имрӯз ҳам дар бисёр кишварҳо баргузор мегардад) қарор гирифтааст. 

Дар замонҳои қадим Наврӯзро ба ду навъ: наврӯзи умумимиллӣ  (ки  панҷ  рӯзи  аввал  ҷашн  гирифта  мешуд) ва Наврӯзи махсус ё хоса (санаи 6-ум оғоз ёфта, бо шукӯҳ шаҳомат ҷашн гирифта мешуд) ҷудо менамуданд. Бахшида ба ҷашни Наврӯз қароргоҳи шоҳ барои қабули туҳфаҳо аз мардум кушода буд ва дар интиҳои рӯз маҳбусон озод, маҳкумшудагон сафед карда шуда, ба ҷашнҳо ҳамроҳ мешуданд.

Дар даврони ҳукмронии арабҳо ба ҷашнгирии Наврӯз, монеа эҷод мешуд ва ҳатто андоз мебастанд, вале бо гузашти вақт ин анъана дубора эҳё гардид. Подшоҳони давраи Уммавиён ва Аббосиён барои идомаи ҷашнгирии Наврӯз мусоидат намуданд, зеро он ба муттаҳидии мардум мусоидат менамуд. 

Мунавваршо Раззоқов,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода