Китоб омӯзгори рӯзгор аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Эълонҳо / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 148
![]()
Китоб яке аз омилҳои муҳимтарини ташаккулдиҳандаи ахлоқи маънавӣ ва воситаи самарабахши тақвиятдиҳандаи сатҳи маърифати инсон, махсусан наврасону ҷавонон, эътироф гардида, дар ривоҷу равнақи камолоти руҳӣ ва инкишофи арзишҳои ахлоқию равонии ҷомеа нақши калидӣ дорад.
Чуноне фармудаанд:
Китоб омӯзгори рӯзгор аст,
Рафиқи меҳрубону ғамгусор аст.
Ҳар он ки бо китоб андарсухан шуд,
Суханпарвардаи ҳар анҷуман шуд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин нукта ҳамеша ба он таъкид мекунанд, ки бе китоб наметавон оянда сохт ва ҷомеаи кишвар ба китобҳои хубу инсонсоз ниёз дорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои эҳё ва рушди китобдорӣ тадбирҳои му-ассир андешида шуданд. Қабули қонун ва даҳҳо барномаҳои соҳавӣ, ки ба пешрафти кори китобхонаҳо ва тарғиби китоб равона шудааст, аз таваҷҷуҳи хосаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳимми маърифат дарак медиҳад.
Ин аст, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба китобу китобхонӣ чорабиниҳои зиёде рӯи кор омаданд. Бахусус, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки сарпарас-ти озмуни мазкур Пешвои муаззами миллат мебошанд.
Ҳамзамон, баргузор намудани озмуну чорабиниҳои зиёде, аз қабили «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб», «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», «Махзани маърифат» маҳфилҳои “шоҳномахонӣ”, “Биё бо ҳам бихонем”, “Маснавихонӣ”, “Рӯдакихонӣ”, “Лоиқхонӣ”, озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Оилаи китобдӯст», баргузории Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», марафонҳои мутолиаи китоб таҳти унвони «Биё бо ҳам китоб хонем» ва «Ба китобхона меравем» дар тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ саҳмгузоранд.
Омӯзиши китоб дар инкишофи ақлу хирад, дарки маънӣ, фаҳму фаросат, рушди тасаввурот, шинохти ҷаҳон, муколамаҳои байни ҳамдигарӣ, фикру зикр ва муомилаю мушоират нақши муҳим бозида, дараҷаи маънавиёти инсонро ғанӣ мегардонад. Чуноне бузургон зикр намудаанд:
Фурӯғи офтоб аз коинот аст,
Фурӯғи одамият аз китоб аст.
Ин аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон ба хондани китоб бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид соли 2025 – «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намуд.
Дар ин замина роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳо, новобаста аз шакли моликият вазифадор гардида, ки барои боло бурдани завқу рағбати мардум ба осори пурғановати мондагори назмию насрии шоиру нависандагон корҳоро тақвият бахшанд.
Вобаста ба иҷрои ин ташаббуси созанда соҳаҳои мухталифи ҷомеа, бахусус кормадони соҳаи фарҳанг - китобдоронро лозим аст, ки бо дарки масъулияти баланди меҳандӯстию худшиносӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасонии китобӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа нақши босазо гузоранд. Зеро дар фазои илмию фарҳангӣ, адабию маърифатӣ ва сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар тарбияи маънавии насли инсон нақши китобхона хеле бузургу назаррас мебошад.
Имрӯз дар ҷаҳон ягон шохаи илму технология вуҷуд надорад, ки мисли илми компютерӣ зудтар рушд кунад. Аз ин ру, бунёди китобхонаҳои электронӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо буда, бояд дар мадди аввали фаъолияти онҳо қарор дошта бошад. Техникаи муосир дар китобхонаҳо имкон медиҳад, ки иттилои ба хонанда лозимаро бо сифат ва сурати баланд анҷом дода, дар муддати кутоҳ ба ахбори даркорӣ даст ёбад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид гардида истодааст, ки ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ – телекоммуникатсионӣ, рушди босуръати технология ва бозори иттилоотӣ, ҳамкории байналмилалии китобдорӣ - иттилоотӣ ҷараёнҳое мебошанд, ки моро ба ҷомеаи иттилоотӣ шинос менамояд ва китобхона чун маркази муҳими иттилоотрасонӣ ҳадафу самтҳои фаъолияташро ба талаботи ҷомеаи иттилоотӣ созгор намояд.
Китобхонаҳо дар ҷомеаи башарӣ ба сифати маркази маърифатафзо ва фарҳангпарвар эътироф шуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро торафт ба ин боргоҳи муқаддас меафзояд.
Китобхонаҳо барои рақобатпазир будан, дар баробари дигар марказу воситаҳои иттилоърасон вазифадоранд, ки дар фаъолияти худ навгониҳоро дар равандҳои гуногуни хизматрасонии китобдорӣ мавриди истифода қарор диҳанд ва сатҳу сифати хизматрасониро беҳтар намоянд.
Чи тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои хатарноки ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм аз нахондани китоб, надоштани саводи кофӣ, дар сатҳи паст қарор доштани дониши сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ сурат мегирад.
Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки рисолати хешро дар пойдории давлати миллии тоҷикон, тарбияи мардум дар шинохти таъриху фарҳанг, илму адабиёт ва ба хотири расидан ба қадри Истиқлоли давлатӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва давлату давлатдории навин фаъолияти хешро хубтару самараноктар ба роҳ монда, дар тарбия ва ташаккули мафкураи солими ҷомеа ҳиссаи созгор гузорем.
Сарахон Бозорзода,
аълочии фарҳанг ва матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...