РАИСИ ВИЛОЯТ БО ФУТБОЛБОЗОНИ МАҲАЛЛӢ МУЛОҚОТ НАМУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти "Машъал" аз мусобиқаи футбол бо усули “Ноҳия ба ноҳия” дидан намуда, бо футболбозон суҳбати самимӣ орост.
Зимни суҳбат бо ҷавонон раиси вилоят зикр намуд, ки варзиш ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон замина гузошта, онҳоро аз хатарҳои терроризму экстремизм эмин нигоҳ медорад.
Ба таъкиди раиси вилоят, шумораи ҳарчи бештари ҷавонон бояд ба футбол ҷалб карда шавад, зеро чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат маҳз дар маҳалҳо рушд меёбанд.
Соли 2024 барои рушди соҳаи варзиши вилоят 170 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гардида, аз ин 47 миллион сомонӣ ба рушди футбол равона карда шудааст, ки 28 фоизи маблағгузории соҳаи варзиши вилоятро ташкил медиҳад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...