Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Автобус. Аз таъхир то тангӣ: мушкилот ва талаботи мусофирон


Автобус. Аз таъхир то тангӣ: мушкилот ва талаботи мусофирон



Ҷорӣ  кардани  хатсайрҳои  нави  автобус  дар  масири  Бохтар-Левакант аз аввал ҳамчун тадбири муҳим барои беҳтар кардани хизматрасонии нақлиётӣ барои сокинон арзёбӣ мешуд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки низоми кории ин хатсайрҳо аз мушкилот холӣ нест.

Таваққуфҳои ғайри расмӣ-сарчашмаи нороҳатиҳо

Автобусҳое,  ки  дар  хатсайри  мазкур  фаъолият  мекунанд,  на  танҳо  дар истгоҳҳои  расмӣ,  балки  дар  ҳар  ҷойи тасодуфӣ таваққуф мекунанд. Ин вазъият вақти сафарро тӯлонӣ карда, табъи мусофиронро  хира  мекунад.  Мушоҳидаҳо  нишон медиҳанд, ки ронандагон барои зиёд кардани  шумораи  мусофирон  аксар  вақт қоидаҳои  муқарраршударо  сарфи  назар менамоянд ва аз канори роҳ мусофиронро савор мекунанд.

Фаромадан дар ҷойҳои номувофиқ - баҳсҳо дар дохили автобус

Мусофирон  талаб  мекунанд,  ки  ҳатто дар ҷойҳои номутобиқ фароварда шаванд. Ин ҳолат вазъиятро боз ҳам мураккабтар мекунад. Баъзан ронандагон бо ишора ба қоида  ва  низом,  ин  дархостҳоро  рад  мекунанд,  аммо  мусофирон  низ  норозигии худро изҳор мекунанд. Онҳо аз ноадолатӣ шикоят  доранд:  “Ҳангоми  савор  кардан, дар дилхоҳ ҷой меистед, аммо барои фаровардан  ба  қоида  ишора  мекунед”.  Ин гуна баҳсҳо дар дохили автобус як амали муқаррарӣ гардидааст.

Мусофирон ба истгоҳ намераванд

Қисме  аз  мусофирон,  ки  медонанд автобус  дар  ҳар  ҷой  ист  мекунад,  дигар кӯшиш намекунанд, ки ба истгоҳҳои расмӣ раванд.   Онҳо  дар  канори  роҳ  мунтазир мешаванд.  Боварӣ  доранд,  ки  автобус ҳатман  таваққуф  намуда,  онҳоро  савор мекунад.  Яъне,  мусофирон  ба  бенизомӣ одат карда истодаанд. 

Сабабҳои мушкилот

Сабаби  ин  вазъият,  пеш  аз  ҳама,  набудани  назорат  бар  хатсайр  ва  амалҳои ронандагон  аст.  Ронандагон,  эҳтимолан, барои  зиёд  кардани  миқдори  мусофирон дар  ҷойҳои  гуногун  таваққуф  мекунанд, ки дарки он ҷойи “чашмбандӣ” нест. Аммо чунин  амалҳо  ба  беназмӣ  ва  таъхирҳо оварда мерасонад. Маҳз ҳамин амал боис мегардад, ки мусофирон низ дар ҳар ҷое талаби  фаромадан  мекунанд.  Чунин  муносибат мушкилотро дучанд мегардонад. 

Роҳҳои ҳалли мушкилот

Барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, аз нигоҳи мо, амалӣ кардани чораҳои зерин ба манфиат аст:

1. Автобусҳо бояд танҳо дар истгоҳҳои расмӣ  истанд.  Барои  вайрон  кардани қоидаҳо ҳам ба ронандагон ва ҳам ба мусофирон ҷаримаҳои қатъӣ ҷорӣ карда шаванд.

2.  Ташкили  истгоҳҳои  иловагӣ:  Агар вазъият  тақозо  кунад,  бигзор  шумораи истгоҳҳои расмӣ зиёд карда шаванд.

3.  Назорати  қатъӣ:  барои  санҷиши хатсайрҳо  ва  фаъолияти  ронандагон гурӯҳҳои назоратӣ ташкил карда шаванд.

4.  Корҳои  фаҳмондадиҳӣ:  Тавассути  насби шиорҳо дар дохили автобус, тақсим кардани  варақаҳои  иттилоотӣ,   расонаҳо ва  чорабиниҳои  оммавӣ  ба  мусофирон фаҳмонда шавад, ки таваққуф дар ҷойҳои ғайрирасмӣ номумкин ва хатаровар аст.

Хулоса

Мушкилоти нақлиёт дар шоҳроҳи Бохтар-Левакант масъалаест, ки агар пешгирӣ нашавад,  торафт  мураккабтар  мегардад. Таваққуфҳои  бенизом  ва  риоя  нашудани қоидаҳо шояд танҳо оғози мушкилиҳо бошад.  Мақомоти  масъул  ва  ширкатҳои нақлиётӣ  бояд  барои  мусоид  намудани сифати  хизматрасонӣ  чораҳои  зарурӣ андешанд.  Албатта,  нархи  роҳкирои  ин хатсайр арзон аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки арзиши табъе, ки хира мегардад, қиматтар аст.

Д. Ибодуллозода,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода