Конститутсия – бахтномаи миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 218
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Майлу иродаи қавии мардум ҳангоми қабули Конститутсия роҳбарияти давлат ва ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳама маълуманд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард.
Конститутсия таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишварро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.
Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон дошт. Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Бо боварии комил метавонем гуфт, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санаи тақдирсоз ва тавас-сути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Итминони комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллатамон рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегардад.
Умриддин ҲАИТЗОДА,
прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...