Бохтар. Конфренсияи КИ ҲХДТ баргузор гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 73
12 сентябр дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар конференсияи 29-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Дар он роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ А. Хонзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷ. Саидзода, раиси шаҳри Бохтар А. Муминзод, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Н. Иброҳимзода, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳр иштирок доштанд.
Нахуст, Неъматулло Иброҳимзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ба сухан баромада, доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар дуюним соли охир ба ҳозирин иттилоъ дод.
Мавсуф зикр дошт, ки Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии шаҳр бо мақсади устувор гардонидани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҳамарӯза фаъолияти худро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ва дигар роҳҳои таблиғот ба роҳ мондааст.
Раиси шаҳри Бохтар А. Муминзод низ ба сухан баромада, зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд.
Зимни баромад зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистони мо ба марҳилаи нави тараққиёти худ, таҳким ва густариши беш аз пеши дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин васила бунёд сохтани ҷомеаи навини воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дохил шудааст. Дар ин радиф, ҳизб ҳамаи барномаҳои худро бо дарназардошти таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барномарезӣ кардааст ва оянда низ ҳамқадами ҷомеаи муосир ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшони худ харакат мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон 18 апрели соли 1998 дар Анҷумани IV ҲХДТ интихоб гардиданд.
Дар охири конференсия ба як қатор ҷавонон ва фаъолон дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуда, бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Н. САИДАБРОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...